Фикри зани соҳибҷоиза оид ба Қодирӣ

 Соли 2013 китобамро бо номи “Умре дар хидмати халқ” навиштам. Китоб дар бораи одамони фидоии вилоят ва аҳли илму адаб навишта шудааст. Китоб дар китоб чеҳраҳои шинохтаи  таърихию фарҳангии вилояти Суғд инъикос ёфтааст.  Ду сол пас аз чопи мавод, яъне соли 2015  ба озмуни ҷоизавии вилоятӣ китоби банда пешбарӣ шуд ва сазовори ҷоизаи ба номи Карим Абдулов  гардидам.

Бо вуҷуди он ки ман танҳо телфанистикаи одӣ будам,  кӯшиш ба харҷ додам, ки ба навиштани китоб шурӯъ кунам ва аз худ кори мондагоре кунам. Шукрона, ки имрӯз китоби банда лоиқи  ин ҷоиза шуд.

Соли 2015 мӯҳтарам раиси вилоят хидмати 40-солаи маро дар соҳаи алоқа ба инобат гирифта, ҳамчун рамзи  қадрдонӣ тариқи квота ба зиёрати  ҲАҶ  фиристодан. Имсол бошад бо мусоидат ва дастгирию ғамхории раиси вилоят мӯҳтарам, Абдураҳмон Қодирӣ баъди ду сол ҷоизаамро гирифтам. Ин ҷоизаамро гирифтан бори дигар собит сохт, ки дар ҳақиқат раиси вилоят худ шахси фарҳангию фарҳангишинос буда ба қадри тамоми аҳли қалам мерасан ва доимо нисбати қаламкашон ғамхорӣ мекунанд. Масалан барои журналистони вилоят озмуни “Хомаи созанда” се сол боз   ба роҳ монда шудааст ва ин ҳам як ғамхории калон барои журналистон мебошад. Боз ба ҳамин монанд дигар шоирону нависандагони вилоят аз ғамхориҳо мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бебаҳра нестанд.

                                                                       Бо эҳтиром гирандаи ҷоиза:  Ҳоҷия, Сулҳия  Мӯъминова

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *