Филип Киркоров ҷуробҳои помириро аз куҷо дуздид?

Гуруҳи сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон Филип Киркоров, саряндаи маъруфи ИДМ-ро дар дуруғгӯӣ ва “дуздӣ”-и ҷӯробҳои помирӣ гунаҳгор мекунанд.

Киркоров, ки қаблан дар дуздии оҳангу сурудҳо муттаҳам мешуд, ахиран ҷӯробҳои помириро дастбофти холааш муаррифӣ карда, норозигии бархе аз тоҷиконро дар интернет ба вуҷуд овардааст.
Киркоров дар барномаи солинавии Максим Максим, ки 2-юми январ тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия пахш гардид, ба барандаи барнома Максим Галкин ҷӯробҳои помириро туҳфа карда, шарҳ дод, ки “ин ҷӯробҳои хубро холаи ман, Марӣ махсус барои Максим Галкин бофт, ки касал нашавӣ. Ҳозир, ки ман бо шумо дар ин ҷоям холаи Марӣ бо фарзандонам машғул аст”.
Максим Галкин дарҳол ҷӯробро пӯшида, изҳор дошт, ки ман аз Якубович чӣ камӣ дорам. Алла Пугачёва, примадонаи рус, ҳамсари собиқи Киркоров низ, ки дар барнома иштирок дошт, дар пайравӣ ба ҳамсари феълияш Максим Галкин ҷӯроби помириро пӯшид. Пугачёва ва Максим Галкин бо намоиши ҷӯробҳои помирӣ онҳоро тавсиф намуданд. Олег Фейзов, оҳангсозу овозхони маъруфи тоҷик бо нашри қисмати навори барнома аз Киркоров интиқод намудааст, ки дар пайи дуздии оҳангу сурудҳо акнун ба ҷӯробҳо гузаштааст. Бисёри зодагони Бадахшон дар интернет бо зикри бофти нодири помирии ин ҷӯробҳо аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки Киркоров асли ҷӯробҳоро зикр накарда, онҳоро ҳамчун маҳсули кори холаи Марияаш муаррифӣ кардааст. Бархе ба ҳимояти Киркоров баромада изҳор доштаанд, ки шояд холаи Мария, номи кӯтоҳшудаи ягон зани тоҷике бошад, ки ба тарбияи фарзандони Киркоров машғул аст.
Даъвогарон муътақиданд, бофти ҷӯробҳое, ки Киркоров дар барнома туҳфа кард, нодир буда, дар ҷаҳон танҳо занони Бадахшон метавонанд бо ин шева ва шакл ҷӯроб бофанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *