Филипп Де Леон: «Дар Тоҷикистон имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ хеле зиёданд»
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамшарикии байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои тиҷорату иқтисод аз масъалаҳои калидие буданд, ки зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Филипп Де Леон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Мулоқоте, ки имрӯз дар Қасри миллат баргузор шуд, аз ҷониби Филипп Де Леон дар назди хабарнигорон судманд ва самаранок арзёбӣ гардид.
«Мақсади Шӯрои соҳибкории ИМА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо байни соҳибкорони ду кишвар, боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикони нав, муҳокимаи масъалаҳои мавҷуда барои тақвияти соҳаҳои афзалиятнок мебошад»,-зикр кард Филипп Де Леон.
Ба андешаи Роҳбари Шӯрои соҳибкории ИМА ва ҶТ, имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳо барои рушди соҳибкорӣ хеле зиёданд ва изҳори боварӣ карда шуд, ки соҳибкорони ҳар ду кишвар аз ин имкониятҳо васеъ истифода хоҳанд кард.
Шӯро тибқи барнома дар ҳамкории зич бо Палатаи савдои Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 14 июл дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкоронро баргузор намуд, ки дар он идеяҳои ширкатҳои ташрифоварда ва маҳсулоту хизматгузории онҳо ҷиҳати муайян намудани имкониятҳои мутақобилан судманд муаррифӣ хоҳанд шуд.
Ҳайати тиҷоратии ИМА иборат аз намояндагони ширкатҳои машҳури USKGZBC ва USTJBC- AGCO, Baker&McKenzie, Coca-Cola ва General Electric, инчунин аъзои нави Шӯрои Амрико оид ба таҳсилоти байналмилалӣ мебошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ