Филми тоҷикӣ ба Англия меравад
Филми ҳунарии “Бачаи обӣ”-и режиссёр Файзулло Файзов, ки “Тоҷикфилм” соли гузашта онро ба навор гирифта буд, дар киноҷашнвораи «Evrasian Film Fest» дар шаҳри Лондон ширкат мекунад. Дар ин бора режиссёри филм Файзулло Файзов хабар медиҳад.
“Аз 21 то 25-уми май баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Evrasian Film Fest» дар шаҳри Лондон идома дорад ва моро ҳам насиб будааст, ки баъди ҳузури филм дар Шветсия, Испания, Ҳиндустон, Бангладеш, Қазоқистон, ин бор парчами азизамонро дар Англия баробари 50 парчами дигар барои рақобати ҳунарӣ қарор бидиҳем. Намоиши филми тоҷикии «Бачаи обӣ» миёни филмҳои амрикоию аврупоӣ рӯзи 25-уми май соати 18:30 ба мухотаби аврупоӣ намоиш дода мешавад”,- навиштааст Файзов дар “Фейсбук”.
Ӯ ҳамчунин аз Сафорати Тоҷикистон дар Англия изҳори сипос кардааст.
Тоҷиконе, ки дар шаҳри Лондон қарор доранд, метавонанд рӯзи 25-уми май соати 18:30 дар маҳали баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Evrasian Film Fest» “Бачаи обӣ”-ро тамошо кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ