Дов

Филми тоҷикии «Дов» дар Мумбай соҳиби ҷоиза шуд

Дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон Синамоҷашнвораи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Маркази Неҳруи Ворлӣ ҷамъбаст шуд.

Гуфта мешавад, ки барои иштирок ва рақобат дар бахши озмунӣ ва ғайриозмунии синамоҷашнвора 57 филм аз 14 кишвари Созмони ҳамкории Шанхай интихоб гардиданд. 14 филми ҳунарӣ аз 7 кишвари аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бахши озмунии синамоҷашнвора иштирок ва рақобат намуда, 43 филм дар бахши ғайриозмунӣ намоиш дода шудаанд.

Бино ба иттилои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, роҳбари ин муассиса Маҳмадсаид Шоҳиён дар чорабинии сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ ва намояндагӣ карда, ба ҳайси довар дар синамоҷашнвора иштирок намудааст.

Филми ҳунарии “Дов”, ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар аз  ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии вилоятии “Суғдсинамо” ба номи Комил Ёрматов рӯйи навор омадааст, ҷиҳати иштирок ва рақобат ба бахши озмунии синамоҷашнвора пешниҳод гардида, миёни 14 филм бо ҷоизаи Ёдоварии махсуси ҳакамон барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо, ки ба тамошобин арзиши воқеии дӯстиро ҷилвагар намудааст, қадрдонӣ карда шудааст.

Хотирнишон месозем, ки қаблан филми ҳунарии “Дов” дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Калкуттаи Ҳиндустон аз миёни даҳҳо филми кишваврҳои Осиё бо ҷоизаи “Беҳтарин филми ҳунарӣ” қадрдонӣ гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *