Филмномаҳои Шераки Ориён. Ӯ бояд ҳама унвонҳоро мегирифт
Пешниҳод ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ
Номи нависандаи закитабъ Шераки Ориён на танҳо барои хонандаи тоҷик, балки барои хонандагони ҳамсоякишварҳо ва арсаи азимтаре низ ошност. Ин нависандае, ки ҳазорон мухлис дорад, бояд кайҳо ҳамаи унвону мукофотҳоро мегирифт, вале афсӯс, ки дар ватани хеш ҳатто ба хурдтарин ҷоиза сазовор нашудааст.
Хабари ба Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳод гардидани ҷилди якуму дуюми китоби эшон — «Филмномаҳои Шераки Ориён» (Душанбе, «Ашӯриён», 2022) кулли мухлисони нависандаро хеле хушнуд гардонд. Солҳост, ки мухлисон аз тамошои филмҳои аз рӯи осори Шераки Ориён пешкаши тамошобин гашта лаззат мебаранд. Имрӯз ба ҷуз ӯ нависандае вуҷуд надорад, ки умри хешро пурра сарфи кино ва эҷод карда бошад.
Дар олам 48 фоизи мағозаҳои китобро чопшудаҳо дар бораи синамо фарогиранд ва 42 фисади онро китоби филмномаҳо ташкил медиҳад. Насли нави ҷаҳони имрӯз ба филмномаҳо аз он ҷиҳат таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, ки онҳо хеле фишурдаанд, амалиётҳо дар онҳо рӯшан, қаҳрамонҳояшон ҳамеша дар ҳаракату мушкилнописанду талошгаранд, чӣ хеле ки ҷаҳони имрӯз ҳамин тавр ашхосро талаб дорад. Чопи филмномаҳо дар Тоҷикистон қариб ки ба назар намерасад. Мо медонем, ки китобҳои драмаҳои устод Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло, Раҳим Ҷалил, Файзулло Ансорӣ, Султон Сафар, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Ато Ҳамдам ва басо драмаҳои театрии устодони дигари мо ба табъ расидаанд. Вале дар муддати 90 соли арзи ҳастӣ кардани синамои ватанӣ ягон маротиба нашудааст, ки ягон филмномаи муаллифи алоҳидаи тоҷик дар шакли китоб ба чоп расида бошад. Аммо бо чоп шудани «Филмномаҳои Шераки Ориён» гӯё муъҷизае рух дод. Ин китобҳо, ки аз 1200 саҳифа иборат аст, 20 филмнома ва чанд ангезаи дигар, синопсис ё тарзи фишурдаи филмномаҳои ояндаро фарогиранд.
Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик буда, муаллифи 43 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёти ин адиби рангинхаёл бо даҳҳо ҷоизаи байналхалқӣ қадрдонӣ гардидааст. Филмҳои вай ба амсоли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд»,
«Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра маъруфу машҳуранд. Филми «Дӯстонро намефурӯшанд» («Аспи охирини шаҳр») дар замони шӯравӣ аз ҷониби 28 кишвари ҷаҳон харидорӣ гардида ва он дар «Кинофестивали Рига»» (соҳили Балтик) ва «Кинофестивали халқии Иттиҳоди Шӯравӣ» соҳибҷоиза шуда буд. Филми дигари Шераки Ориён «Марди мутааллиқи ду зан» дар даҳаи навади қарни бист дар кинофестивали ЕврАзия, Фаронса, Амрико чор ҷоизаро сазовор гардида буд. Филми дигараш «Афсонаи зиндагӣ» («Жизнь») дар кинофестивали байналхалқии Шветсария («Vertikal») аз миёни 47 кишвари ҷаҳон ҷоизаро соҳиб шуд, ҳамчунин дар кинофестивали 13-уми кишварҳои ИДМ (СНГ) ва Балтик ва кинофестивали «ЕврАзия» муваффақ гардид. Дар натиҷа кинофестивали байналхалқии «Золотой Феникс» бо номи «Панҷ филми беҳтарини ҷаҳон дар як сол» ин асарро интихоб намуда, ба намоиши ҷаҳонӣ гузошт. Филми дигари аз рӯи навиштаи Шераки Ориён бавуҷудомада «Ҳолат» («Ситуация») дар кинофестивалҳои гуногун соҳиби се ҷоиза гардидааст.
Ҳоло танҳо ду ҷилди «Филмномаҳои Шераки Ориён» ба табъ расидаанд ва як ҷилди дигараш дар дасти чоп аст, ки онҳо дар якҷоягӣ 1600 саҳифаро ташкил мекунанд.
Дар ҷилди аввал ва дуюм беҳтарин филмномаҳои адиб, аз қабили «Аспи охирини шаҳр», «Ҳолат», «Марде бо ду зан» ва ғайраҳо ҷой дода шудаанд, ки ҳар кадоме як олам бори маъниро дар худ гунҷондаанд.
Аз «Марде бо ду зан» ин саҳнаро мутолиа мекунем: «Расул ба кӯдакони дасти Зайнаб менигарист хомӯшона, дам ба дарун. Ду фарзанди лӯлапеч. Яке фарзанди Зайнаб, дуюмаш азони Хайрӣ.
Вале акнун ҳарду дар бағали Зайнаб»…
Худи ҳамин саҳнаи ҳаётӣ бас аст, ки мо бояд ба Шераки Ориён баҳои баланд диҳем.
Нависанда дар филми «Охирин аспи шаҳр» муносибати инсонро ба табиат хеле олӣ тасвир кардааст. Бо табиатбадбинии чанд ноқисулақл қариб тухми аспро аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пок карда буданд.
Шераки Ориён бо ин қиссаи зебояш, ки баъдтар онро филмнома кардааст, рӯирост ба ҳимояи ин ҳайвони зебо ва вафодор баромадааст.
Хушбахтона, баъди ба даст овардани истиқлол бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳаи асппарварӣ дар мамлакат ривоҷ ёфт.
Мехонем: «Мӯйсафед фӯтаи миёнашро баркушода, арақи сару гарданашро тоза мекард, баробари ин аз зери чашм назора менамуд ҳаракатҳои бачаро.
— Ин Бӯр ном дорад,- ба ҷонвар ошно кардан хост Суҳробро.
Бачаяк ба маънои «фаҳмидам» калла ҷунбонид».
Филмҳои Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабиев) «Афсонаи зиндагӣ», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Чор фасли умр» ва дигарҳо ба кинофестивалҳои байналхалқӣ роҳ ёфта, маъқул ва писанди тамошобинони гуногунмиллати олам шудаанд ва борҳо Тоҷикистонро барои оламиён муаррифӣ намудаанд.
Киношиносони олам ба ҳунари Шераки Ориён баҳои мусбат додаанд. Ҳам филмҳои бадеӣ, ҳам фалсафӣ ва ҳам мустанади ин нависандаи хушкор ҷавобгӯи олами киноянд. Мутахассисони соҳа борҳо қайд кардаанд, ки Шераки Ориён бо сужаи қавӣ филмнома меофарад.
Хулоса, аз «Обхез» то охирин навиштаи Шераки Ориён ҳар кадоме сазовори мукофот ва ҷоизаи алоҳида мебошад.
Исмоил ЗАРИФӢ, адиб, барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ