Финландия қасд дорад дар марз бо Русия девор бунёд кунад

Бино ба гузориши портали Delfi, парлумони Эстония ташаббуси лағви имзоҳо дар чаҳорчӯби созишномаҳои марзии заминӣ ва баҳрӣ бо Русияро, ки моҳи феврали соли 2014 имзо шуда буд, баррасӣ хоҳад кард.

Депутатҳои партияи халқии консервативии оппозитсия ба муҳокимаи ҳамкасбонашон таклифи дахлдор пешниҳод карданд. Дар нотаи эзоҳотии ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки Москва ба Таллин «ҳамлаҳои идеологӣ ва сиёсӣ» мебарад. Вакилони қонунгузори Эстония низ аз «ишғол» шудани беш аз панҷ дарсади қаламрави ҷумҳурии назди Балтика аз сӯи Русия хабар доданд.

Ба фикри онҳо, бе истинод ба Шартномаи сулҳи Тарту соли 1920 баста шудани созишномаи нави сарҳаддӣ ба Таллин имкон намедиҳад, ки барои территорияҳое, ки дар давраи байниҷангӣ ба мамлакат тааллуқ доштанд, товон гирад.

Дар санад гуфта мешавад, ки «ин қадам (бозгашти имзо аз ҷониби Эстония) ба Русия имкон медиҳад, ки сари мизи музокира нишинад ва идомаи Паймони сулҳи Тартуро ҳамчун як нуқтаи ибтидоӣ барои ҳалли минбаъда бигирад». Байни Эстония ва Русия сарҳади қонунӣ вуҷуд надорад. Созишномаи марзӣ миёни ин кишварҳо соли 2005 дар Маскав ба имзо расида буд.

Аммо тарафи Эстония ҳангоми тасдиқ кардани он ба муқаддимаи сулҳномаи Тарту, ки дар асоси он сарҳади пеш аз ҷанг кашида шуда буд, дохил кард. Маскав ин иқдомро як кӯшиши Таллин барои ба расмият даровардани ҳуқуқи даъвоҳои ҳудудӣ арзёбӣ карда, имзои худро аз ин санад бозпас гирифт. Қаблан хабар дода шуда буд, ки мақомоти Финландия қасд доранд дар марз бо Русия девор бунёд кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *