Фирӯза Эмомова: Мо шикастем, вале нарехтем
Маҳсули эҷоду эъҷози ин ҳунарманд рангорангу диданӣ буда, кас ба андеша меравад, ки чӣ гуна инсон аз хок кӯзаю гулдон, косаву табақ ва аз қалам беҳтарин қасрҳоро офарида метавонад. Қаҳрамони мо садҳо армуғонҳоро, ки яке аз дигаре зеботару дилработар аст, бо хосту хоҳиши худ нақшофарӣ мекунад.
Фирӯза Эмомова боз як зани муваффақ аст, ки бо тамоми мушкилот ҷангида, имрӯз бо ҳунари худ барои қисме аз ҷомеа шинос аст. Ин ҷавонзани ҳалиму хоксорро дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ хурду бузург эҳтиром мекунанду бо ифтихори зиёд аз муваффақияту дастовардҳояш ёд меоранд.
“Дар зиндагӣ бо вуҷуди ҳар бор пешпо хӯрдану афтидан, рӯҳафтода нашудам. Фикр мекунам, иззату эҳтиромеро, ки имрӯз миёни ҳамкорон ва шогирдонам дорам, ба хотири он аст, ки ман низ ба онҳо эҳтиром мегузорам. Беҳуда намегӯянд, ки “қарсак аз ду даст мешавад”, -мегӯяд ин бонуи ҳунарманд.
Аз кулолгари то меъморӣ
Фирӯза Эмомова сардори шуъбаи магистратура ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ буда, ҳамзамон дар кафедраи «Дизайни муҳити меъморӣ ва тармим» ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи дотсент кор ва фаъолият менамояд. Ӯ омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳим Олимов (ҳоло Коллеҷи рассомӣ)-и шаҳри Душанберо бо ихтисоси рассом-устои кулол, баъдан Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси меъмор хатм намудааст.
“Аз хурдӣ ба кулолгарӣ шавқ доштам. Оилаи мо, ки ҳама соҳибмаълумот ҳастанд, ба интихоби ман ҳеҷ зиддияте накарданд. Мехостам касби кулолгариро идома диҳам. Вале мутаассифона, барои идома додани омӯзиш бояд ба Тошкент мерафтам. Аз ин рӯ, падару модам розӣ нашуданд, ки берун аз кишвар таҳсил намоям. Ҳамин тавр, ба меъморӣ рӯй овардам”, -чунин нақл мекунад ӯ.
Фирӯза аз соли 1994 дар кафедраи «Асосҳои лоиҳакашӣ ва меъморӣ» то соли 2019 ҳамчун ассистент, муаллими калон фаъолият намуд. Соли 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Баҳамтаъсирнамоии санъати пластикӣ ва меъмории Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XXI» дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илми меъморӣ гардид. Аз соли 2021 то 2023 дар вазифаи мудири кафедраи «Дизайни муҳити меъморӣ ва тармим» буда, айни ҳол ҳамчун сардори шуъбаи магистратура ва корҳои илмию таҳқиқотии донишгоҳ фаъолияти худро идома дода истодааст.
“Гоҳо мегӯям ҳеҷ кори нашудание дар дунё вуҷуд надорад. Агар одам хоҳад ва талош намояд, яқинан ба мақсад мерасад. Дар вақти ҳимоя ба мушкилиҳои зиёд рӯбарӯ шудам. Бештар танқисиро аз ҷиҳати молӣ кашидам. Ман бояд муқарризи худро аз хориҷа меовардам ва шароит надоштам. Ҷояш омад, қарз гирифтам ва барои пеш рафтани кори худ аз таҳти дил талош кардам”, -мегӯяд бонуи боирода.
Фирӯза Эмомова дар зарфи зиёда аз 30 соли фаъолият ба дастовардҳои зиёде дар соҳаи меъморӣ ноил гаштааст. Ӯ феълан узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон мебошад. Барои эҷоди мусаввараҳои нодир ва нишон додани маҳорати баланди касбӣ ба чандин мукофотҳо, аз ҷумла нишонҳои «Барои саҳми арзанда дар соҳаи меъморӣ», “Аълочии фарҳанг”, “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва медали “Хизмати шоиста” сазовор шудааст.
“Дар Тоҷикистон занони зиёд ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, вале онҳо ба роҳи илм кам мераванд. Баъзеҳоро шавҳарашон иҷозат намедиҳад, бархеи дигарро бадхоҳонашон мешикананд. Ман имрӯз ифтихор дорам, ки маро ҳамаи он шикастанҳо нарезонд!,”-бо ифтихор мегӯяд Фирӯза.
Дастоварди дигар
Фирӯза Эмомова муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ дар соҳаи санъати меъморӣ, 60 асари эҷодӣ, 15 масолеҳи кулолӣ, 8 дастури методӣ, як воситаи таълимӣ ва як монография мебошад. Ӯ ҳамчун раиси занон ва духтарони факултети «Сохтмон ва меъморӣ» дар солҳои 2020-2023 фаъолият намуда, дар ҳама чорабиниҳои фарҳангию илмии донишгоҳ, ноҳия ва шаҳр саҳми худашро гузоштааст. Дар ҳама ҷамъомаду конфронсҳо ва симпозиумҳо,иштироки фаъол дошта, бо ихтироъкорону навоварони донишгоҳ робитаи зич дорад. Бо донишҷӯёни зинаи магистратура ва бакавлариат мизҳои мудаввар ороста, оиди ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ сухан мегӯяд. Барои ҳисси зебоипарастиро дар ботини донишҷӯён зиёд намудан ӯ мекӯшад, бисёртар аксияҳои эҷодӣ дар боғҳои шаҳри азизамон барпо намояд. Бо чунин восита донишҷӯён ҳам ғизои маънавӣ гирифта, инчунин ба қадри ҳамаи ин зебоии кишварамон расиданро меомӯзанд иброз дошт ин зани қавиирода.
Ҳамчунин Фирӯза ба навиштани ҳикоя, рубоиву дубайтӣ, шеъру тарона рағбати зиёд дошта, соли 2015 китобчаи нахустинашро бо номи «Барги гул» ба нашр расонидааст. Ӯ мегӯяд, имрӯз низ машғули офаринишҳои нав ба нав аст:
“Ҳоло як маҷмӯи шеърӣ омода кардаам, ки қарор аст ба наздикӣ ба чоп расад. Номашро ҳамноми писарам Нурафшон мегузорам. Зеро нур- ин равшанӣ аст ва ман меҳоҳам маҳсули эҷодам ба дили хонанда нур эҳдо намояд”.
Модари се ҳунарманд
Қаҳрамони мо дар баробари муваффақ будан дар пешаи худ, инчунин модари се фарзанд Шоҳин, Нурафшон ва Муҳаммадҷон мебошад.
Фарзанди хурдияш Муҳаммадҷон роҳи санъатро пеша намудааст, ки дар ҳама чорабиниҳои фарҳангии ноҳия, шаҳр, ҷумҳурӣ ва берун аз он иштироки фаъол дорад. Вай дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман!» сазовори ҷойи якум шуда, дар озмуни «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ҷойи дуюмро гирифтааст. Ҳамзамон дар озмуни ҷумҳуриявии «Парвин» ҷойи якум насибаш гашта, дар озмуни байналмилалии «Во весь голос» ҳамчун яккасаро иштирок кардааст. Муҳаммадҷон ҳоло соҳиби зиёда аз 100 диплом, ҷоиза, ифтихорнома ва сипосномаҳо мебошад..
“Тарбия ҳамеша аз хона маншаъ мегирад. Гарчанде бештари вақтам барои кор сипарӣ мешуд, вале ҳамеша бо фарзандонам кор мекардам. Мушкилиҳои онҳоро гӯш карда, барои сохтани ояндаашон ҳамроҳашон қадам мебардоштам. Хуб дар ёд дорам, ки вақте кӯдакон хурд буданд, ман барои кори номзадиам чандин ҳафта ба шаҳри Хуҷанд рафта будам. Он замон худам дар Хуҷанд, вале дилам дар Душанбе буд”, -қаҳрамони мо бар он ақидааст, ки шикасту рехти зиндагӣ ӯро ба мушкилиҳо тобовар кардааст. Мегӯяд дар аввал барои ҳар гапу кори ночиз зиқ мешуд, ғам мехӯрд ва мехост роҳи худро идома надиҳад, вале имрӯз шукр мегӯяд, ки ба чунин мартабаҳо расидааст.
Сумани Убайдулло
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ