Фирӯз Холмуродзодаро 15 сол зиндонӣ карданд

Собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродзода ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Тавре  як манбаъ аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар дод, мурофиа субҳи имрӯз доир гардида, ҳамчунин собиқ сардори шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба 9 сол ва корманди Агентӣ Қосимҷон Саидов ба 7 соли зиндон муҷозот шудаанд.

Қобили зикр аст, ки айбдоркунандаи давлатӣ барои Холмуродзода — 17 сол ва Султонзода — 12 соли зиндон ҷазо дархост намуда буд. Ин парванда муҳри махфӣ гирифта, паси дарҳои пӯшида мегузарад.

Дар курсии айбдорӣ 6 нафар собиқ кормандони Агентӣ боқӣ мондаанд. Прокурор барои собиқ муфаттиши Раёсати тафтишот Фирдавс Абдуғаффорзода (Фирдавс Ниёзбадалов, домоди собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов) — 15 соли зиндон ва собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар соҳаи нақлиёт Қосим Саидзода — 7 соли зиндон ҷазо дархост карда буд.

Қаблан Суди олии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Давлатбек Хайрзодаро ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,6 соли зиндон ва худи ҳамон рӯз Фаридун Беназирзода, собиқ муовини сардори Раёсати гумруки вилояти Суғдро, ки қаблан дар Агентии зиддифасод кор мекард, низ барои ришваситонӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум кард.

Моҳи июли соли равон раиси Суди олии ҶТ Шермуҳаммади Шоҳиён изҳор намуда буд, ки аз рӯи ин парванда айни замон 13 нафар назди суд ҷавоб мегӯянд, ки 10 нафарашон собиқ кормандони Агентии зиддифасод ва 3 нафар аз сохторҳои дигаранд ва вобаста ба ин парванда айбдор карда мешаванд.Собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Фирӯз Холмуродозода ба 15 соли зиндон маҳкум шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *