Фирӯза Ҳафизова ба чӣ “точка” мегузорад?

-Фирӯзабону, имсол барои шумо бисёр соли вазнин омад. Ба фикрам ягон рӯз саратон бе ҷанҷол набуд-а?

Рост мегӯед, аз ҳамон рӯзе, ки модарам шарм надошта “духтарам ба ман кӯмак намекунад, кораш фақат дугонабозӣ аст, ҳамроҳи дӯстонаш ресторан ба ресторан мегардаду ман гурусна мешинам” гӯён, тариқи интернет доду фарёд бардошт, як дами хушро надидам. Мардум ба гапҳои модарам бовар карда, маро бад диданд, ҳол он ки ин суханҳо дар ҳаққи ман туҳмати маҳз буданд. Хизматҳое, ки ман ба аҳли оила, ба бародару хоҳаронам кардаам, агар надонанд, кӯр мешаванд. Як умр аробаи зиндагии модару акаву хоҳаронамро кашидам, вале ба ҷойи раҳмат гуфтан, маро бо туҳмату буҳтон дар байни халқ паст зада, обрӯямро резонданд. Беҳуда нагуфтаанд:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

-Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи шумо тез-тез ҳар хел баҳсу мунозираҳо мегузаранд. Бархе бар он назаранд, ки Фирӯза худаш ин баҳсҳоро ташкил карда, бо “чёрний пиар” машҳур шудан мехоҳад?

о дар асри ХХI зиндагӣ карда истодаем ва зиндагии имрӯзаро  бидуни интернет тасаввур карда намешавад. Дар ин замона хурду калон ҳама дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишаста бурду бохташонро ба ҳамдигар қисса мекунанд. Мақсади ман аз баромад намудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ пиар нест. Фирӯза Ҳафизова на ба “чёрний пиар” ниёз дорад ва на ба “белий пиар”, чунки роҳи худро дар ҷодаи санъат барвақт пайдо кардааст.


-Пас, чаро баъзе блогерҳо ин қадар ба шумо мечаспанд?

Шейх барин хурӯсчӯҷаҳо аз дур қанотак зада, мехоҳанд Фирӯзаро тарсонанд, вале ман аз зумраи он занҳое нестам, ки бо андак таҳдид ба пояшон ларза даромада, фиқ-фиқи гиряро сар мекунанд. Ман тайёр ҳастам, ки дар куҷое набошад, бо касе набошад, мардона “разбор” карда, ҳақ будани худро исбот намоям. Замоне, ки ҳама айбу гуноҳро ба гардани Фирӯза бор мекарданд, гузашт. Ман имрӯз аз худ дифоъ намуда метавонам ва ба чунин ноҳақию беадолатиҳо нуқта мегузорам.

Мегӯянд, ки таронаи “Дар барат рӯз надидам”-ро маҳз ба хотири собиқ шавҳаратон сурудаед…?

Оилаи моро рашки хонасӯз вайрон кард, вале ин тарона танҳо дарди дили ман не, сӯзу алами қалби ҳазорон-ҳазор бонувони тоҷик аст. Бисёр занҳои мо аз мард эҳтиром намебинанд. Хислати мо занҳои тоҷик чунин аст, ки гапи баланд заданд, хомӯш мешинем, моро таҳқир намуда дашном диҳанд, гиря мекунем. Ҳар рӯз ба сарамон бо мушту лагад зананд ҳам, шикоят намекунем. Мардҳо аз хомӯшии мо, занҳо шерак шуда,  худашонро шоҳу табъашонро вазир мепиндоранд. Муҳаббат ва эҳтиром бояд дутарафа бошад. Вақте ки мард занро ҳурмат намекунад, ин маънои онро дорад, ки ӯро дӯст намедорад ва ба як пули пучак ҳам намегирад…

Ҷадидтарин суруди Фирӯза Ҳафизоваро донистан мехостем?

-Бо рэпсарои ҷавон Шон МС  як дуэт таҳия намудем, бо номи “Точка”. Фикр мекунам, ки баҳри мухлисонам дар соли нав ин тарона туҳфаи хубе хоҳад гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

12 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *