“Фирдавсӣ” ва “Лаъли Бадахшон” дар “Фаҷр” иштирок мекунанд

Гуруҳи бадеии ду театри тоҷик дар 40-умин Фестивали байналмилалии “Фаҷр”-и Эрон иштирок мекунанд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки фестивали мазкур 16-17-уми феврали соли ҷорӣ дар пойтахти Эрон мегузарад. Дар он гуруҳи ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри мусиқавии вилоятии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаров ба сифати меҳмон иштирок мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг, ҳунармандони театри ба номи А. Лоҳутӣ намоишномаи “Фирдавсӣ”-и С. Улуғзода ва театри Хоруғ драмаи Ҷумъа Қуддус — “Лаъли Бадахшон”-ро ба намоиш мегузоранд.

Мувофиқи барномаи фестивал театрҳои Тоҷикистон намоишномаҳои худро рӯзҳои 12 ва 13-уми феврал баргузор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *