Фирдавсиро аз Қирғизистон “ронданд”!

Бино бар хабарҳои расида, аз Қирғизистон, рӯзи 24.03.2022 бо қарори маҷлиси шӯрои депутатҳои шаҳраки Ҳайдарканди ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд аз мактаби рақами 7-и шаҳраки Ҳайдарканд, ки ба номи Абулқосим Фирдавсӣ буд, расман номи ин шахсияти бузург — классики адабиёти форс-тоҷик бартараф карда шудааст.

Дар ҳоле ин кори носавоб анҷом дода шудааст, ки ду мактаби дигари Ҳайдарканд — яке таълимаш бо забони қирғизӣ (мактаби рақами 29, ба номи Батырбай Садыков) ва дигаре бо забони русӣ (мактаби рақами 20, ба номи Орозбай Маканов) беном карда нашудаанд.

Назар ба пиндори ҳолдонҳо, дар ин кор худи директори мактаб Равшан Тоҷибоев ташаббус нишон додааст.

Мегӯянд, ки чанд сол пеш дар даромадгоҳи мактаб ду катиба — русиву тоҷикӣ насб шуда буд, сонитар ба ҷои катибаи тоҷикӣ лавҳи қирғизӣ часпониданд ва инак, номи Фирдавсии бузург ҳам ҳазф шуд…

Шаҳраки Ҳайдарканд, ки аслану таърихан як пораи марзи Сӯх маҳсуб мешуд (бозёфти нодири ҷумҷумаи сари одами аҳди қадим аз ғори Селункур далел аст), солҳои тақсимоти миллӣ ба Қирғизистон дода шудааст. Он ҷо асосан замини кишти сӯхиён буда, дорои кони симобу сурма аст. Муддате чиниҳо ҳам конҳои канданиҳои фоиданоки Ҳайдаркандро иҷора гирифта будаанд. Мардуми бумии шаҳрак тоҷикони сӯхӣ буданду ҳастанд. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба Ҳайдарканд олмонитаборони Урал, тоторҳои Қрим ва чеченҳоро ба таври маҷбурӣ оварда, дар корҳои вазнини конканӣ истифода мебурданд. Ҳайдарканд то солҳои бозсозии Горбачёв басе манзилу макони обод шуморида мешуд ва бевосита зери пӯшиши иқтисодиву иҷтимоии Маскав буд. Солҳои пеш қирғизҳо дар талу теппаҳо ва авулҳои гирду гӯшаи Ҳайдарканд чӯпонӣ мекарданд, фарзандонашон дар мактаб-интернатҳои шаҳрак таҳсил медиданд. Солҳои 85-90-и асри гузашта оилаҳои муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватани бобоиашон саросар кӯч бастанд ва қирғизони юртанишин ҳам поён фаромада, ба манзилҳои арзон соҳиб шуданд.

Бино бар маълумотҳо, ҳозир дар Ҳайдарканд беш аз 5000 нафар тоҷикон буду бош дошта, дар мактаби рақами 7-и тоҷикӣ ҳудуди 600 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Омӯзгорони собиқ мактаби ба номи Абулқосим Фирдавсӣ қариб аксар хатмкардагони донишгоҳҳои Тоҷикистон буда, дар давоми 30 соли баъди фурӯпошии ИҶШС асосан бо бурсияҳои ҷониби Тоҷикистон ройгон таҳсил кардаанд.

Марямбонуи ФАРҒОНӢ, журналист, нависанда

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *