Фиреб барои иҷорахона. Аз ҳодисаи воқеӣ то истифодаи симкортҳои бешахсият

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан дар Somon.tj қаллобон пайдо шудаанд, ки мардумро бо пешниҳоди хонаи иҷора фиреб медиҳанд. Бо ин амал пули муфту бе дарди миён кор мекунанд. Яке аз хешовандони ман ба дасти чунин қаллобон афтод. Панҷ ҳазору ҳаштсад сомониашро гирифта, телефонро хомӯш карда ва нопадид шуданд.

Дар доми қаллоб

Ҳодиса чунин рух дод. Хеши ман 2 ҳафта барои пайдо кардани хонаи иҷора сарсон буд. Ба эълонҳои дар интернет гузошта занг мезад. Хонаи  иҷора аз даст рафта буд ё нархи осмонӣ дошт. Хонаи 2-ҳуҷрадори бо андак шароити зист 4-5 ҳазор сомонӣ, хонаи 2-ҳуҷрадори бидуни шароит 2,5-3 ҳазор сомонӣ буд. Як рӯз ба эълоне рӯ ба рӯ мешавад, ки хонаи 2-ҳуҷрагии дорои тамоми шароит 3 ҳазор сомонӣ аст. Аксҳои дар  эълон гузошташударо аз назар мегузаронад ва хонаро маъқул карда, ба рақами телефон занг мезанад. Телефонро ҷавоне мебардорад. Баъди суҳбат ҷавон розӣ мешавад, ки хонаи иҷораро ба хотири он ки арӯсу домод мешинанд, боз арзон мекунад. Яъне, 2400 сомонӣ. Хешованди ман  аз ин амали “хайрхоҳона”-и иҷорадеҳ хурсанд шуда, ӯро ба вохӯрӣ даъват мекунад, то хона аз даст наравад. Шабонгаҳ дар маҳаллаи 91-уми пойтахт, назди мағозаи “Диёр” ҳамроҳ вомехӯранд. Ин ҷавон баъди гуфтугӯ маблағи думоҳаи иҷораро аз хешованди ман талаб мекунад. Баъдан, хешованди ман мепурсад, ки рақами корташро гӯяд, то пули иҷораро гузаронад. Ин ҷавон баҳона пеш меорад, ки корт надорад ва танҳо пулро нақд мегирад. Сипас, пулро аз банкомати наздики хонаи истиқоматӣ мегираду ба ӯ медиҳад. Ин ҷавон калидро медиҳаду суроғаи хонаи иҷораро мегӯяд: кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои супермаркети “Ёвар”, ошёнаи 6, хонаи 43.

Хешованди ман хурсанд шуда, соати тақрибан 10-и шаб ҳамроҳи келинаш ба ин суроға меоянд. Вориди бино шуда, калидро ба қулфи дар ворид мекунанд. Ҳарчанд кӯшиш мекунанд, ки дарро кушоянд, намешавад. Аз дохил соҳибхона дарро мекушояд. Ҳайрон мешаваду мепурсад:

— Тинҷӣ аст? Шояд хато кардед?

— Не, мо иҷорагир ҳастем. Ба соҳиби ин хона ҳозир пули иҷора супоридам.

— Не, мо соҳибхона ҳастем. Ба касе иҷора намедиҳем. Шояд шумо хато кардед, ба даромадгоҳи дигар равед.

Хешованди ман хонаи дигарро кӯшиши кушодан мекунад. Боз ба  ҳолати боло рӯ ба рӯ мешавад. 

Ба рақами телефони соҳиби хонаи иҷора занг мезанад. Аммо телефон хомӯш аст. Аз дил мегузаронад, ки шояд заряди телефон тамом шуда бошаду хоб аст. Ба хона бармегардад. Саҳар чанд маротибаи дигар занг мезанад, ки боз телефон хомӯш аст. Умедвор мешавад, ки шояд худаш занг мезанад. Аммо аз ин ҳодиса чанд рӯз мегузарад, дараке нест. Баъд мефаҳмад, ки ба дасти қаллоб афтодааст…

Шояд мисли ин хешованди ман чандин нафар ба доми қаллобон афтода бошанд.

Боздошти гурӯҳи муташаккил

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти як гурӯҳи калони қаллобон хабар дод, ки дар Somon.tj эълонҳои бардурӯғ гузошта, мардумро фиреб додаву маблағ мегирифтаанд. Ҳолати мазкурро кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино ошкор кардаанд.

Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе Ҳусайнов Фирдавс, Каримов Наврӯз, Ризвонзода Фирдавс, Каримов Далер боздошт шуданд. Инҳо ҳама ҷавононанд ва бо нашри эълонҳои бардурӯғи хонаи иҷора мардумро фиреб дода, пули муфт ба даст меовардаанд. Ин гурӯҳро Ризвонзода Фирдавс роҳбарӣ доштааст. Ҳар кадоме амалҳои махсусро анҷом медодаанд. Яке расонандаи калиди хона, дигаре ронанда. Ин гурӯҳи қаллобон симкорту телефони зиёд доштаанд.

“Зимни санҷиш аз ин гурӯҳ як адад таппончаи зараррасон ва симкорту телефонҳои мобилӣ ҳамчун предметҳои ба ҷиноят алоқманд дарёфт ва мусодира гардиданд. Дар идомаи амалиёт ошкор шуд, ки дастгиршудагон барои аз ҷавобгарӣ пинҳон шудан аз симкортҳои бешахсият истифода менамудаанд. Дар натиҷаи амалиёти махсус барои бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда фурӯхтани симкорт шаҳрвандон Салимов Нозим ва Эмомалиев Ҳакимҷон, Ҳайдаров Саид ва Алиев Кошиф, кормандони ширкати мобилии “Зетмобайл” дастгир шуданд. Номбурдагон ба ин гурӯҳи ҷиноятӣ симкортҳоро бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба фурӯш гузоштаанд. Гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Дар робита ба ин, мақомоти милитсияи пойтахт ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки агар мавриди фиреби ин гурӯҳи ҷиноятпеша қарор гирифта бошанд, тавассути рақамҳои 018-02-02-02 ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image