Фиреби Ҳоҷӣ модар ва чор фарзанди маъюбро бехона кард

Санадҳои муҳрдору  имзокарда  ва ҳатто худиқрории ҷавобгар наметавонад адолати судиро ба амал барорад. Вагарна, чаро ҳам забонхат, ҳам шартномаи қарз, ҳам шартномаи харидуфурӯш, ки дар он аз номи давлат муҳр зада шудааст, ба эътибор гирифта намешаванд ва ҳаққи ҳалоли як модари танҳои  63 — сола ва чор фарзанди маъюби ӯ ба соҳибонаш баргардонида намешавад?  

   Чор бемори як Мома

…Маро номаи Момагул Сафарова ба ин даргоҳ овард. Дар даромадгоҳи ҳуҷраи танге, ки Момагул барои фарзандони маъюбаш сохта буд, зани  тақрибан 45- солае (баъдтар фаҳмидам, ки ӯ ҳамагӣ 35 сол доштааст)  дар болои  кати дастисохт  пойҳояшро овезон карда менишаст. Баробари даромадани ман, чун одати хуби занҳои тоҷик аз ҷояш нахест ва ягон нишонае ҳам дар симояш дида намешуд,ки  ворид шудани марди бегона ба хона ба ӯ таъсир карда бошад.

-Ин Савлатбӣ, духтари бемори ман…

Он тарафтар,  дар болои ҷойгаҳи доимӣ ҷавонписари хушсурате мехобид, вале ӯ ҳам танҳо сарашро ба тарафам гардонду халос.

-Инаш Сафарбек, 17 — сола аст,ки ҳамин хел… Аз ҳама бузургашонро 35 — сола кардаму чор сол пеш Худо гирифт.Ӯ ҳам маъюби гурӯҳи як  буд. Зикруллоро худатон дар рӯи ҳавлӣ дидед…

Дарҳақиқат,  замони ба ин хона даромаданам дар рӯи ҳавлӣ ҷавонмарди бо тану тӯш, вале камақлеро вохӯрда будам, ки бемақсад, худ ба худ гап мезаду ба ҳар тараф равуо дошт ва ба бемори рӯҳӣ буданаш шубҳае набуд…

-Охиринаш, Қамарсомони 13 — соларо ба маъюбхона додам, дигар аз уҳдаи тарбияаш баромада натавонистам…

Инро гуфту Момагул дар паҳлуи духтари бемораш нишаста, сар хам кард. Ҳолати ӯ то ба дараҷае расида буд,ки ҳатто дигар дар чашмонаш ашк намондааст, ки гиря кунад. Чашмаи ин ашкҳо низ мисли умри барбодрафтаи ин зан  ва  фарзандонаш кайҳо хушк шуда буд…

Ҳаҷ рафту дили мискин озурд…

Хонанда шояд гумон мекунад, ки муаллиф минбаъд дар бораи саргузашти ин модари беморбони якумра  нақл карда, барои онҳо аз ягон сохтор кумак мехоҳад. Агар чунин ҳам мебуд, кори савобе мешуд, вале ин ҷо сухан нисбати онҳое меравад, ки ба ин маъюбон ҷабр кардаанд ва ин ҷабр аз тарафи нафаре сурат гирифтааст,ки “ҳоҷӣ” унвон  дорад. Аммо беадолатии “ҳоҷӣ”-ро баъзе судяҳои зоҳирбин ба ҷои ислоҳ,  нодида гирифтаанд, ки ин кор дар ягон тарозуи  ақл намеғунҷад…Магар рост  аст, ки як нафаре, ки ба хотири бахшиши гуноҳҳояш сафари ҳаҷ кардаасту  пас аз  “соҳибунвон” гаштанаш чунин кори носавоб кардааст? Оё  ӯ нашунидааст,ки “ҳаҷро чӣ мекунӣ, дили мискинеро дарёб” гуфтаанд? Аммо агар ҳам ҳаҷ равию боз дили чанд мискинро ба ҷои дарёфтан шиканӣ, чӣ хоҳад шуд?

-Соли 2013 мо дар кӯчаи Бухоро, бинои №33 ҳуҷрае доштем, ки  ба  писарам Зикруллоҳ номнавис шуда буд. Пас аз марги шавҳарам нафаре бо номи Темуршо Ҳакимов ба боварии мо даромада, ин хонаро ба ивази хонаи дигар додан ва ё маблағи 42 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт намудан аз мо гирифт, аммо онро ба номи шиносаш Юсуф Хоҷаназаров ҳуҷҷатгузорӣ кард. Он замон  аз сабаби ғайри қобили амал будани Зикруллоҳ маро суд  васии фарзандам эътироф кард ва ин кор бо ташаббуси ҳоҷӣ Темуршо сурат гирифт. Аввалан ман ба ин шахс ҳамчун нафари хонаи Худоро  зиёраткарда бовар кардам, сониян санаде, ки дар ин бора дар назди нотариуси давлатӣ тартиб дода шуд, ману фарзандонамро дилпур кард (нусхаи он дар редаксия  маҳфуз аст).  Аммо ҳоло мебинам, ки  мақоли “тавбаи гурба то муши навбатист”комилан дуруст аст ва баъзе инсонҳо сад бор ҳаҷ кунанд ҳам, на ҳаққи сағирро медонанду на аз роҳи худ бармегарданд. Хулоса, вақте  ки Темуршо Ҳакимов ба мо хонаи ваъдагиашро харида надод,(ман ҳатто барои ин кор ба ӯ гаравпулӣ ҳам дода будам) байни ӯ ва ягона писари  сиҳатам Суҳробшо шартономаи қарзӣ баста шуд. (нусхаи онро дар акс мебинед). Ин моҳи июни соли 2013 буд ва то имрӯз кори ман суддавӣ шудааст. Бори аввал, вақте ки ӯро ба суд даъват карданд, дар назди судя ваъда дод,ки ҳаққи маъюбони маро дар давоми ду моҳ  пурра медиҳад. Аммо ин ваъдааш ҳам дар ҳаво монд. Бори дигар ба суд муроҷиат намудам. Ин дафъа суд шартномаи харидуфурӯшро бекор карда, ҳалнома баровард,ки Ҳакимов Темуршо хонаи маро холӣ кунад. Темуршо  аз болои ин ҳалнома ба зинаҳои болоӣ шикоят бурд. Ҳам Коллегия  ва ҳам Раёсати суди шаҳрии шаҳри Душанбе ҳалномаи суди ноҳияи Шоҳмансурро дуруст бароварданд. Яъне, се зинаи судӣ даъвои маро ҳақ ҳисобиданд, ки ман   аз ҳамаи он судяҳои бовиҷдоне,ки дар пояи қонунҳои амалкунанда  ҳаққи маро эътироф намуданд, миннатдорам. Минбаъд судиҷрочиён ба манзили баҳсӣ рафта, аз ҳоҷӣ Темуршо талаб карданд, ки хонаро холӣ кунад. Вале боз ҳам ҳоҷӣ барои хонаро холӣ кардан муҳлат хост ва ин муҳлат ба ӯ барои он лозим будааст, ки  ба Суди Олӣ шикоят барад….

Суди Олӣ ва “карусели судӣ”…

-Суди Олӣ ҳам, албатта, тарафдорӣ кардагист, ки хонаи бепул гирифтаашро Ҳакимов холӣ кунад,- гап ҳамроҳ мекунам ба нақли Момагул.

-Кош, ҳамин тавр мешуд… Аммо дар он ҷо  ба ҷои ин, ки ҳақиқатро дастгирӣ кунанд, иҷроиши ҳалномаи судҳои дар боло гуфтаамро боздошта, тафтиши парвандаро дубора ба суди ноҳияи Шоҳмансур, ин дафъа дар ҳайати дигар равона карданд ва ман ҳам моҳи шашум аст, ки интизори баргузории мурофиаи навбатӣ ҳастам. Вақте ки мо ба суд меравем, доимо ҷониби Темуршо Ҳакимов намеояд. Ё ин ҳам як роҳи кашол додани кор аст? Магар суд салоҳияти онро надорад,ки ин шахсро ба мурофиа орад ва ё дар набудани ӯ парвандаро бинад? Ҳоҷӣ Темуршо медонад,ки ноҳақ аст,  барои ҳамин аз мурофиа мегурезад…

-Шояд ягон гапи нав баромада бошад ва ё Темуршо онҳоро бовар кунонида бошад,ки маблағи хонаро додааст…?

-Ӯ ба ман ягон сомонӣ ҳам надодааст ва агар медод, бе забонхати ман магар  пул  медод…? Хулоса, инак 5 сол мешавад, ки ман аз паси маблағҳои худам мегардаму намедонам дар як хонаи хурд бо чор маъюб ва писару келину фарзандони онҳо чӣ тавр зиндагӣкунам…

…Аслан ман дар давоми фаъолияти рӯзноманигориам вобаста ба санадҳои судӣ,  аз сухани мусоҳибам дида, бештар ба санадҳои муҳру  имзодошта бовар мекунам, зеро ҳамеша  ба қавли собиқ раиси Суди Олӣ  Нусратулло Абдуллоев, яке аз  тарафҳои мурофиашаванда баъд аз мурофиа норозӣ боқӣ мемонад ва ё ҳар ду ҳам худро ҳақ меҳисобанд. Аммо бори аввал дар таҷрибаи рӯзноманигории худ, ки аксар вақт ба баҳсҳои ҳуқуқӣ вобаста аст,  шоҳиди он гаштам,ки санадҳои муҳрдору  имзокарда  ва ҳатто худиқрории ҷавобгар наметавонад адолати судиро ба амал барорад. Вагарна, чаро ҳам забонхат, ҳам шартномаи қарз, ҳам шартномаи харидуфурӯш,ки дар он аз номи давлат муҳр зада шудааст, ба эътибор гирифта намешаванд ва ҳаққи ҳалоли як модари танҳои  63 — сола ва чор фарзанди маъюби ӯ ба соҳибонаш баргардонида намешаваду суд ба “карусел” машғул аст?

…Ҳоло аз хонае,ки соҳибаш Момагул ва фарзандони ӯ буданд, нишонае нест ва ба ҷои он бинои баландошёна месозанд. Аммо баҳси он чӣ,ки аён асту ҳоҷат ба баёни чандинкаратаи он нест, идома дорад ва  модар интизор аст,  ки  ӯро боз кай ба мурофиаи навбатие,ки дар он чанд дурӯғи бе муҳру бе ҳуҷҷати ҳоҷӣ садо медиҳад, даъват мекунанд. Ё ин хомӯшӣ ва ба мурофиа ҳозир нашудани  ҷавобгар ба хотири он аст,ки дар ниҳояти кор ин модар аз дидани аҳволи фарзандони маъюби худ рӯз то рӯз мисли шамъ дар чилламазори ҳақталабон об мешаваду хомӯш ва дигар даъвогаре дар ин дунё намемонад? Ҷавоби инро аз онҳое интизорем,ки  дар ин дунё ҳақталошӣ вазифаи эшон аст…

А.АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

P.S. Нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки қарздории ҳоҷӣ Темуршо Ҳакимовро собит месозанд  ва санадҳои судӣ дар ин маврид дар идораи ҳафтанома маҳфуз аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *