Фиристодани ҷасади ду муҳоҷири тоҷик пас аз 6 — моҳ ба ватан
Ҷасади ду сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, ки тақрибан ним сол пеш дар як амалиёти ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ноҳияи Владимир кушта шуданд, ба зодгоҳашон оварда хоҳад шуд. Мақомоти Русия номи онҳоро эълон накарда буд ва падару модари ин ду ҷавон низ то лаҳзаи охир аз кушта шудани онҳо хабар надоштанд.
Волидону ҳамсар ва кӯдакони Ибодулло ва Шарифхон Валиев, ки бозгашти онҳоро интизор буданд, акнун дар сӯгашон нишастаанд. Аз Ибодуллои 30-сола ҳамсару ду фарзанд ва аз Шарифхони 26-сола низ ҳамсару як фарзанд боқӣ мондааст.
Дар ҳукумати ноҳияи Муъминобод гуфтанд, ки хабари ба ватан овардани ҷасади ду сокини ин ноҳияро шуниданд, аммо дар ин замина ҳеҷ маълумоти расмӣ надоранд. Аммо Суманбӣ Бозорова, модари Ибодулло ва Шарифхон Валиев гуфтааст, тобути ин ду нафар субҳи 13-уми октябр ба фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб оварда шуда, сипас, ба зодгоҳашон интиқол хоҳад ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ