Фирор аз маҳбаси Русия
Шаш маҳбусе, ки аз зиндони Липетски Русия фирор карданд, 5 нафарашон боздошт шудаанд.
Мақомоти Русия мегӯянд, ки маҳбусони фирорӣ зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Ба навиштаи расонаҳои русӣ, яке аз маҳбусон шаҳрванди Тоҷикистон ва дигарон зодаи Узбекистон ҳастанд.
Рӯзи 26-уми октябр расонаҳои Русия хабар доданд, ки 6 маҳбус аз зиндони Липетски Русия гурехтаанд. То ҳол 5 нафари онҳо боздошт шудаанд.
Саҳифаи “Маш» дар Телеграм акс ва маълумоти шаҳрванди фирории Тоҷикистонро нашр кард. Аз ин нафар Даврон Ҷабборов, сокини 27-солаи вилояти Хатлон ном бурда мебошад, пас аз фирор боздошт шудааст.
Ба қавли манбаъ, ӯ соли 2022 бо иттиҳоми таҷовуз ва авбошӣ ба 9 сол зиндон маҳкум шудааст.
Расонаҳои Русия, аз ҷумла саҳифаи “Маш» ва «Baza» навиштаанд, маҳбусон таавассути нақбе фирор кардаанд, ки ним сол ба кандани он машғул буданд.
Ду нафарро дар вилояти Тамбов ва се нафари дигарро дар наздикиҳои зиндон боздошт намудаанд.
Маҳбустон мақсад гузоштаанд ки марзро убур карда, ба ватани худ баргарданд. Вазорати корҳои дохилии Русия лаҳзаи пурсиши яке аз маҳбусонро нашр кардааст, ки дар он нафаре мегӯяд, “ният доштем, ки ба хона равем”.
Ҳоло вобаста ба ин қазия Кумитаи тафтишотии Русия парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ