Фирори 14 нафар муҳоҷирон аз боздоштгоҳи махсуси вилояти Ленинград

Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи пешакӣ нишон додааст, ки аз миёни 14 фирории боздоштгоҳи махсус дар вилояти Ленинград, 2 нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ва боқимонда шаҳрвандони Ӯзбакистон будаанд. Ин ду нафар, ба қавли мақомоти тоҷик, ду рӯз пеш бо ҷурми мушкил дар санадҳояшон боздошт ва ба ин боздоштгоҳ оварда шуданд. Ҳоло ин ду нафар дар озодӣ буда, ҷустуҷӯи онҳо ва фирориҳои дигар идома дорад. Полиси Ленинград гуфт, ки то ҳол танҳо 6 фирорӣ боздошт шудааст.

Гурӯҳи муҳоҷирони корӣ, ки бо ҷурмҳои мухталиф, аз ҷумла нақзи тартиби будубош дар Русия дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор доштанд, субҳи 29 сентябр бо рахна кардани девори боздоштгоҳе воқеъ дар шаҳри Гатчинаи вилояти Ленинград фирор карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти пулиси вилояти Ленинград хабар дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, 14 муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ, ки дар ошёнаи аввали боздошгоҳ нигаҳдорӣ мешуданд, соати 5-и саҳар деворро беш аз 1 метр шикофта фирор карданд. Пулис дар баробари худи фирориҳо, шароитеро бозҷӯӣ мекунад, ки барои фирори муҳоҷирон мусоидат кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *