Фирори «Доктор» аз ДИИШ (Видео)

Бозори одамфурӯшӣ, шиносномаи 200 долларии Тоҷикистон дар Туркия ва трансплантатсияи узвҳо  

 …Дар рӯ ба рӯямон ҷавоне нишастааст, ки бешу ками дунё дида, сахтиву зорӣ кашида, таъми беватанӣ чашида, фиреби ба ном «ҷиҳодиён»-ро хӯрда, дар ҷабҳаҳои Сурияву Ироқ ё ДИИШ «хизмат» карда, нахонда духтур шуда, даҳҳо маҷрӯҳи инфиҷорро табобат карда, иштибоҳи худро дарк кардаву аз доми фиребгарон гурехтааст…

-Далер, чӣ сабаб шуд, ки баргардед? — суоли нахустини мо ба ӯ буд.

-Ман дар интернет навори суҳбати шумо бо Маҳмаднаимро дидам. Мо дар он ҷо, дар Мавсил шинос шуда будем, ман ӯро табобат мекардам… Ростӣ, ҳавасам ба ӯ омад, вай баргаштааст. Ҳукумати Тоҷикистон ӯро бахшидаву дар назди оила ва фарзандонаш аст. Бинобар ин, вақте баргаштам, нахуст хостам бо шумо суҳбат кунам…

Маҳмаднаим Ҷӯрабековро, ки Далер аз ӯ ва суҳбати мо ёдовар шуд, хонандагон нағз дар хотир доранд. Ӯ ҳам ба доми фиребгарон афтида, аз Истанбул ба Шом ва аз он ҷо ба Мавсил интиқол дода шуд. Пасон ба амалиёт ҷалб шуда, ҷароҳат бардошт ва маҳз ҳамроҳи Далер, ки лақаби Докторро дорад, аз ДИИШ фирор кард. Роҳи онҳо дар Истанбул ҷудо шуд ва Маҳмаднаим чанде пеш ба Ватан баргашту мувофиқи эзоҳи яки моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон авф шуда, имрӯз дар  озодӣ аст. Маҳмаднаим ҳам дар Ироқу Шом шоҳиди ҳаводиси даҳшатовар шуд: дар пеши чашмаш Давлати Чоли тоҷик, зимни амалиёт тиккаву пора шуд, даҳҳо нафар ҷон додаву ҳоли бади занону кӯдаконро дид, шоҳиди бачабозӣ ҳам буду фиребу тақаллуб ҳам, бо Гулмурод Ҳалимов вохӯрда, дар суҳбаташ нишаст ва аз ҳама муҳим, фиребу тақаллуб ва ба ислом иртибот надоштани ДИИШ-ро дарк карда, фирор кард. Тафсилоти ба ДИИШ рафтан, аз он ҷо фирор намудан ва ба Ватан баргаштани Маҳмаднаим дар матлабе зери унвони «Бозгашти Ҷӯрабеков аз ДИИШ. Мантуи Гулмурод Ҳалимов, марги Давлати Чол, Абӯҷаъфари шаҳритусӣ ва доми Шайх Муслим» чанде пеш дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№11, аз 14 марти соли 2018) ба табъ расида буд. Мо шакли видеоии он суҳбатро дар сомонаи www.tajikistantimes.com ҷой карда будем ва Далер маҳз ҳамин наворро тамошо карда, ба Ватан баргаштааст…

-Далер, ибтидо дар бораи худатон ҳарф занед…

-Ман Ҷӯраев Далер соли 1986 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, сипас соли 2004 мактаби миёнаи рақами 88-и пойтахтро хатм кардам. Баъди хатми мактаб ба муҳоҷирати корӣ ба Маскав рафта, то соли 2008 дар он ҷо будам. Баъди баргаштан, соли 2009 оиладор шудам ва ҳамон сол ба факултети ҳуқуқи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дохил шудам, аммо бо сабаби он ки мушкилоти молӣ пайдо шуд, пас аз ду соли таҳсил онро мавқуф гузошта, барои кор ба Бишкек рафтам ва дар он ҷо ба тиҷорат машғул шудам. Корам  барор нагирифт, соли 2014 бо мақсади идома додани тиҷорат ва кор ба шаҳри Берни Швейтсария сафар кардам. Дар он ҷо бо як шаҳрванди Чеченистон, ки Иброҳим ном дошт, шинос шудам. Дар  Берн зиёд наистодам ва ба Русия баргаштам…

Чӣ сабаб шуд, ки дар ин миён ба Сурия равед?

-Сабаби асосӣ дар Иброҳими чечен буд. Вақте ки ман дар Русия будам, бо Иброҳим тариқи мессенҷери Ватсапп робита доштам. Ӯ ба ман ҳар хел мавъизаҳои динӣ ва наворҳои гуногун ирсол мекарду мо суҳбати дӯстона доштем. Вай боре ҳам ишора накард, ки ба Сурияву Ироқ рафтанист. Моҳи апрели соли 2015 Иброҳим маро ба Истанбул даъват кард ва ман ҳам рафтам…

Пас, сабаби сафаратон ба Истамбул чӣ буд?

-Кор, на беш аз ин. Иброҳим бароям кори хуб ва шароити нағз ваъда кард. Ба  Истанбул баргаштам, ӯ бо ман ҳамеша дар мавзӯъҳои динӣ суҳбат мекард, наворҳо нишон медод. Дар ҳамин шабу рӯз Иброҳим маро бо як тоҷикистонӣ, ки Мусҳаб ном дошт, шинос кард. Баъдан фаҳмидам, ки Мусҳаб лақаби ӯ буда, номи аслияш Шодихон, зодаи Тоҷикистон будааст.  Мусҳаб низ тариқи мессенҷери Zello бо ман дар робита мешуд ва ӯ низ фақат суҳбатҳои динӣ мекарду навор мефиристод. Ман он вақт намефаҳмидам, ки ҳадафи онҳо ба дом даровардани ман будааст. Як рӯз Иброҳим гуфт, ки ба Сурия рафтанист ва даъват кард, ки бо ӯ равам. Вай гуфт, ки он ҷо маоши нағз медиҳанд, кадом вақте хоҳем, меравем ва кадом вақте ки диламон хост, бармегардем.  Ман розӣ шудам. Ҳамин тавр, рӯзи дигар омада, маро аз меҳмонхонаи Билдейи Истанбул гирифта, бурданд, 3 нафари дигар аллакай интизори мо буданд. Ҳанӯз аз шаҳр набаромада, шиносномаҳои моро гирифтанд ва ваъда карданд, ки дар сарҳад медиҳанд. Ҳамин тавр, мо сарҳади Туркияро убур карда, ба Сурия дохил шудем. Дар сарҳад як автобус моро пешвоз гирифт ва ба як хонаи калоне овард, ки одамони зиёде он ҷо буданд. Дар он ҷо каме истодему боз савори автобус ба шаҳри  Раққа рафтем. Ин навбат шумораамон ба  26 — 30 нафар мерасид…

-Шумо дарк кардед, ки ба ҷиҳод омадед?

— Не, то замоне ки ба Раққа омадем. Вақте ки ба ин шаҳр расидем, моро Абусаид ном тоҷикистонӣ пешвоз гирифт. Ӯ аз байни мо 12 нафарро ҷудо кард ва  гуфт, ки ба Ироқ меравем. Ҳамин тавр, мо ба Мавсили Ироқ омадем. Моро дар як хонаи 2 -ошёна ҷой карданду тақрибан 1 моҳ дар он ҷо таълимоти динӣ гирифтем. Пас аз гузаштани дарсҳои динӣ қариб як моҳи дигар дар маҳали дигар таълимоти ҳарбӣ гирифтем. Дар он ҷо ба мо тарзи истифодаи силоҳ ва тактикаи ҷангӣ омӯзониданд. Пас аз гузаштани ин дарсҳо моро аз нав тақсим карда, аз ман пурсиданд: “Духтур шудан мехоҳӣ ё ба амалиёт рафтанӣ?” Ман, албатта, духтур шуданро интихоб кардам. Ҳамин тавр, маро ба беморхонаи шаҳри Мавсил оварданд. Дар ин беморхона тақрибан се моҳ усулҳои табобатро омӯхтам ва ба муолиҷаи беморон шурӯъ кардам.

-Яъне, дар ягон ҷо таълимоти тиббӣ нагирифта, ба табобат пардохтед?

-Бале, се моҳ кори духтурони дигарро назорат карда, омӯхтам. Ҳамчунин, чизеро намефаҳмидам, мепурсидам ва ё аз китобҳое, ки дар он ҷо буд, хонда ёд мегирифтам. Ҳамин тавр, баъди чанде мустақилона ба табобати беморон шурӯъ кардам. Дар ин беморхона аслан ҷароҳатбардоштагони ҷангро меоварданд. Теъдоди онҳое, ки зимни амалиётҳои ҷангӣ маҷрӯҳ мешуданд, зиёд буданд. Зимни кор ман шоҳиди ҳодисаҳои даҳшатбор шудаам. Қадр надоштани инсон, ҷаҳолат ва беадолатии зиёдро дар он ҷо дидам… Бовар мекунед, вақте маҷрӯҳоне, ки пой ё дасташон тамоман маъюб шуда буд, меоварданд онҳоро каме нигоҳ дошта узвҳои баданашонро транплотатсия мекарданд, мефурӯхтанд. Инсон дар он ҷо қадр надошт.

-Аз суҳбате, ки бо Маҳмаднаим доштем, маълум мешавад, ки шумо бо Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик бевосита ошноӣ доштед…

-Ошноӣ як тараф, ман духтури ӯ будам ва бевосита ба табобаташ машғул шудам.  Як рӯз ба беморхонаи мо як мардро оварданд, ки захмӣ буд. Баъд аз оне, ки шинос шудем, фаҳмидам, ки ӯ Гулмурод Ҳалимов будааст. Пойи ӯ дар амалиёт аз пораи снаряд захмӣ шуда, буд. Вақте ки пояшро бастем, намедонистем, ки ҳанӯз як пора снаряд дар дохил мондааст. Баъди чанде, пояш варам кард. Вақте гипсро кушодем, ӯ анемия шуда буд. Чун пояшро рентген кардем, дар рагаш он пораро мушоҳида кардем. Ҷароҳаташ вазнин буд, пояшро ҷарроҳӣ кардем…

-Баъд аз ин ӯ шифо ёфт?

-Пурра не, аммо баъди тақрибан 40 рӯзи табобат бо асо роҳ мегаштагӣ шуд.

-Назди Гулмурод Ҳалимов киҳо меомаданд?

-Ӯ дар он ҷо шахси обрӯманд буд. Наздаш бештар роҳбарон меомаданд, ки қисми зиёдашон тоҷик ҳастанд. Масалан,  Абӯзар ном исфарагӣ, ки яке аз роҳбарон ва шахси таъсиргузори Мавсил буд ё Абусаиди тоҷик, ки тамоми гардиши молии Давлати исломӣ дар дасташ буд. Ҳамчунин, намояндагони  дигар миллатҳо, аз ҷумла  чеченҳо зиёд меомаданд.

-Ӯ бештар дар бораи чӣ бо шумо сӯҳбат мекард?

-Дар ҳар боб. Медонед, ӯ аз он ки ба сафи ДИИШ пайвастааст, пушаймон буд, гарчанде инро рӯйрост намегуфт. Боре ҳатто ба ман гуфт, ки пойи ман маҷрӯҳ шуд, аммо шумо ба ҳар роҳ ба Ватан баргардед… Ман дарк карда, ки ӯ пушаймон шуда буд, зеро ӯ ҳама чизро аз даст дод.

ӣ ақидаи шуморо иваз кард, ки дар фикри бозгашт афтодед?

— Ростӣ, ман аз ибтидо иштибоҳамро дарк карда будам. Зеро шоҳиди бисёр ҳодисаҳои нохуш шудам. Нафароне буданд, ки ҷанг кардан намехостанд, лекин онҳоро маҷбур мекарданд. Дар он давлат касе ҳуқуқи сарпечӣ кардан аз фармонҳоро надошт. Касе агар эътироз мекард, ӯро ҷазо медоданд, аввал то дигар шудани ақидааш ва сар фароварданаш ӯро ҳабс мекарданд ва агар ҳам сар нафаровард, сар мебуриданд. Ё нафароне буданд, ки ҳамроҳи зану фарзанду аҳли оилаашон меомаданд. Баъд аз он ки дар амалиётҳо мефавтиданд, зану кӯдакашонро ба хонаҳои умумӣ мебурданд. Дар як хона 40-50 нафар занон мезистанд. Аҳволи онҳо дар он ҷо ниҳоят вазнин буд. Ҳамеша байнашон ҷангу ҷидол сар мезад. Пас занҳоро ба шайхони араб мефурӯхтанд. Он ҷо одам қадр надошт, ман шоҳиди одамфурӯшӣ будам. Бинобар ин аз ибтидо роҳи гурез мекофтам, гарчанде ба он умед надоштам.

-Ақидаи онҳое, ки дар ДИИШ ҳастанд, чӣ гуна аст? Ба фикри шумо ҳадафи онҳо чист?

-Он ҷо касе ҳуқуқи суол доданро надорад. Ман мепурсидам, ки ҳамин яроқҳоро аз куҷо мегиред. Онҳо мегуфтанд, ки  тайёраҳои Амрико ин яроқҳоро бояд ба Ироқ мебурданд, аммо  он ба мо расид ва ҳоказо. Лекин ин фикри ахмақонае ҳаст, зеро самти ҳаракати самолёт муайян аст. Аммо онҳо маро фиреб карданӣ мешуданд. Инчунин, дар он ҷо бозори ғуломфӯрушӣ буд. Одамонро ба ғуломӣ мегирифтанду мефурӯхтанд. Зани калонсол 200 доллар нарх дошт, ҷавон бошад, то 3000 доллар ба савдо мерафт. Дар он ҷо чанд гурӯҳ, амсоли «Ҷабҳату-нусра», «Ансуруллоҳ» ва «Аҳрори Шом», ки ҳама даъвои мусулмонӣ доранд,  байни ҳам меҷанганд. Ҳамдигарро кофир мехонданд . Мусулмон мусулмонро мекушт… Хулоса як макони фанду фиреб буд.

-Чӣ гуна ба шумо муяссар шуд, ки фирор кунед? 

-Агар дар он ҷо фаҳманд, ки шахс нияти фирор карданро дорад, мекушанд. Бинобар ин, ман нияти рафтанамро ошкор намегуфтам, аммо ҳамеша роҳи гурез мекофтам. Дар беморхона як арабро табобат кардаму ӯ маро барои меҳмонӣ ба хонааш даъват кард. Мо бо ҳам шиносу рафиқ шудем. Як рӯз аз вай хоҳиш кардам, ки ягон роҳи фирорро ба ман нишон диҳад. Ӯ маро бо як нафар шинос кард ва гуфт, ки ман бояд аз Ироқ ба шаҳри Рақҳаи Сурия равам. Ман аз беморхона, барои тамошо, иҷозатномаи якмоҳа гирифта, ба Сурия омадам ва бо он нафар вохӯрдам.  Он одам гуфт, ки ба ивази 2000 доллар ба ман кумак мекунад. Вақте ман дар беморхона кор мекардам, беморон ба ман ҳар хел силоҳҳоро туҳфа мекарданд. Ман як тапончаи тамғаи «Глоп» доштам ва онро 1400 доллар  фурӯхта, ба дасташ додам, ки ба ман роҳро нишон диҳад. Ӯ маро назди сарҳад овард. Аз он тараф байрақи Туркияро дида, дар дилам умед пайдо шуд…

-Яъне, ба ивази маблағ шуморо аз сарҳад намегузаронд, балки фақат роҳ нишон медод?

-Бале, ӯ фақат роҳ нишон медод, ки аз кадом тараф гузаштан осон аст. Аммо чун муҳлати иҷозатномаи ман ба охир мерасид, ман ба Мавсил баргаштам. Дар беморхона Маҳмадиев Маҳмад ном ёрдамчӣ доштам. Бо ӯ машварат карда, нияти гурехтанамро гуфтам. Ӯ ҳам розӣ шуд, ки бо ман равад. Баъди чанде ҳамроҳи ӯ боз иҷозатнома гирифта, ба Рақҳа ва баъдан ба Мимиҷ омадем. Аз Мимиҷ як мототсикл харида, то сарҳад омадем ва дар он ҷо бо Маҳмаднаим вохӯрдам. Ман Маҳмаднаимро дар Мавсил табобат карда будаму мешинохтам…

-…ва ӯро хонаи Гулмурод Ҳалимов мантухӯрӣ бурдед?

-Бале. Пас аз он ки бо Маҳмаднаим суҳбат кардем, нияти гурехтан доштани ӯро фаҳмидам. Ӯ ҳам мисли ман роҳи гурез мекофтааст ва ба ӯ Ҷаъфар ном ӯзбекистонӣ  буд, ки ба гурехтан кумак кард. Ман ба он нафар мототсикламро туҳфа кардам ва ӯ моро то гузаргоҳ оварда монд. Мо қариб даҳ соат шикамғеҷ сарҳадро убур кардем. Чанд маротиба ҷониби мо тир холӣ карданд. Зимни гурехтан ману Маҳмаднаим якҷо мондему ду нафари дигар, яке ӯзбек ва Маҳмад аз мо ҷудо шуданд. Онҳоро наёфтем.  Ҳамин тавр, соати 8-и саҳар ба қаламрави Туркия ворид шудем. Давоми ин воқеаро Маҳмаднаим ба шумо нақл кардааст, ки онро такрор намекунам. Аз сарҳад мо ба Истанбул омадем. Баъди чанде Абудовуд ном шахс фаҳмид, ки мо гурехтаем. Ӯ аксҳои моро чун террорист дар шабакаҳои интернетӣ партофт, то ки мо ба Ватанамон баргашта натавонем. Дар Туркия як гурӯҳ одамоне буданд, ки шахсони фирориро пайдо карда, боз ба Ироқ мефиристоданд. Абудовуд яке аз онҳо буд. Дар ин вақт Маҳмаднаим аз мо ҷудо шуд. Аз як шаҳрванди Ӯзбекистон хоҳиш намудем, ки ба мо шиноснома ёфта диҳад.  Ӯ рақами телефони як нафарро дод, ки Зафар ном дошт. Бо Зафар маслиҳат кардему ӯ бар ивази 200 доллар ба мо шиносномаи Тоҷикистонро омода карда дод…

-Гурехтани шумо дар соли 2015 сурат гирифт. Тӯли ин ду соли баъдӣ дар Туркия ба чӣ кор машғул шудед?

-Ман ҳамеша дар тарс мезистам. Бинобар ин, аз Туркия гурехта, ба Дубай рафтам ва дар он ҷо 8-9 моҳ кор кардам.  Аз он ҷо боз ба Истанбул баргаштам. Ин тақрибан моҳи апрели соли 2017 буд. Аз он ҷо ба тариқи Қазоқистон ба Қирғизистон, ба Бишкек омада, дар он ҷо низ 10-11 моҳ кор кардам.

-Дар ин муддат бо аҳли оилаатон робита доштед?

-Бале, телефон мекардам. Ман ҳамеша мехостам ба Тоҷикистон ба назди оила ва ҳамсару фарзандонам баргардам, аммо метарсидам. Метарсидам, ки маро ҳабс мекунанд. Як рӯз дар интернет навори суҳбати Маҳмаднаимро дидам, ки ӯ бозгаштааст. Ҳамон ҷо фаҳмидам. ки шахсоне, ки бо хоҳиши худ ба Ватан бармегарданд, аз ҷазои ҷиноятӣ озод мешаванд. Ҳамин тавр, омадам ва маро ҳам бахшиданду имрӯз озод ва дар назди ҳамсараму фарзандонам ҳастам.

-Чаро хостед, ки бо шумо суҳбат кунем?

-Ман муроҷиати Маҳмаднаимро дида омадам, бинобар ин мехоҳам, ки муроҷиати маро ҳам нашр кунед, дар интернет гузоред…

-Бифармоед…

-Айни замон дар Сурияву Ироқ садҳо тоҷиконе ҳастанд, ки ба доми фиреби ДИИШ афтодаву нияти гурехтан доранд, садҳо нафари дигар аллакай гурехтаву дар кишварҳои дигар қарор доранд ва метарсанд, ки ба Ватан баргарданд. Ман ба онҳо муроҷиат карда мегӯям, ки баргарданд. Ба  Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД муроҷиат намоянд ва онҳоро ҳам авф хоҳанд кард. Ин ҷо Ватани мо аст ва мо бояд онро обод кунем, созем ва фарзандонамонро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Мусоҳибон

Одили Нозир,

Саодат Розиқзода

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *