Фишор ба муҳоҷирон. Чаро олими рус онро бар зарари Русия арзёбӣ кард?
Соли 2023 барои муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия кору фаъолият мекунанд, соли бисёр душвор омад. Мақомоти ин кишвар бо баҳонаи гузаронидани амалиёти “Нелегал” тез-тез дар минтақаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ рейдҳо гузаронида, ба муҳоҷирони меҳнатӣ фишор меоранд, онҳоро таҳқир мекунанд ва баъзан нисбаташон ҳатто зӯровариро раво мебинанд…
Дарҳо баста мешаванд?
Оё Русия минбаъд дарҳои худро ба пуррагӣ ба рӯйи муҳоҷирон аз Осиёи Миёна мебандад ё роҳи дигари ҳалли масъала вуҷуд дорад? Александр Сафонов, профессори Донишкадаи молияи назди президенти Русия дар суҳбат бо media-mig.ru мушкилоти муҳоҷирони меҳнатиро шарҳ дода, роҳҳои ҳалли масъаларо пешниҳод намудааст.
“Дар қаламрави Федератсияи Русия миллионҳо нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ, танҳо дар соли 2022 ҳудуди 49%-и даромади буҷа (ВВП)-и Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳое ташаккул ёфтааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба хонаҳояшон, яъне ба ватани худашон фиристодаанд. Маблағе, ки дар ин давра муҳоҷирони меҳнатии тоҷик интиқол додаанд, тақрибан ба 5,2 миллиард доллар баробар мебошад. Содироти қувваи корӣ барои Душанбе масъалаи ҳаётан муҳим аст. Барои Русия низ муҳоҷирати меҳнатӣ як самти махсус мебошад, зеро иқтисодиёти кишвар бидуни муҳоҷирон пеш намеравад”,- гуфтааст ин олими рус.
Дар ҳақиқат бинобар мушкилоти демографӣ норасоии нерӯи корӣ қариб дар тамоми минтақаҳои Русия ба назар мерасад. Талабот ба қувваи корӣ махсусан дар соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз қабили сохтмон, хизматрасонии коммуналӣ, истеҳсолот ва бахши маишӣ хеле зиёд буда, дар ин соҳаҳо бештар муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна кор мекунанд. Дар сурати Русияро тарк намудани муҳоҷирон мушкили норасоии қувваи корӣ ба миён омада, ин ба иқтисодиёти Русия зарбаи сахт хоҳад зад.
Роҳи ҳал чист?
Александр Сафонов, профессори Донишкадаи молияи назди президенти Русия мегӯяд, ки гузаронидани рейдҳои пай дар пай, фишор овардан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва ихроҷи садҳо ҳазор муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо далели мавҷуд будани камбудиҳо дар ҳуҷҷатҳояшон роҳи ҳалли масъала набуда, танҳо бар зарари ду кишвар аст.
Аз ин хотир Москва ва Душанбе бояд сари мизи машварат нишаста, мушкилоти муҳоҷиронро ҳал кунанд. Ба андешаи ин олими рус, иқтисодиёти Русия ба нерӯи корӣ, яъне муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сахт ниёз дорад, бинобар ин, пеш аз ҳама худи Русия бояд дар фикри осон кардани раванди ҳуҷҷатгузории муҳоҷирон бошад ва барои кору фаъолияти пурсамари онҳо шароитҳои заруриро фароҳам орад.
Дар идомаи суҳбаташ ин олими рус мегӯяд, ки беш аз 50%-и муҳоҷирони меҳнатӣ маҳз бо сабаби надоштани қайди муҳоҷиратӣ ва патент аз қаламрави Федератсияи Русия ихроҷ мешаванд ва ин бесабаб нест. “Вақте ки кас бо мақсади кор ба Русия меояд, пеш аз ҳама бояд ҷойи зист пайдо кунад ва худро дар қайд гузорад. Аммо аксари шахсоне, ки хонаҳояшонро ба иҷора медиҳанд, розӣ намешаванд, ки шаҳрвандони хориҷиро дар қайди манзили худ гузоранд. Аз ҳамин сабаб муҳоҷирон маҷбур мешаванд ба таври гурӯҳӣ дар як хона 10-15-нафарӣ зиндагӣ кунанд ё дар манзиле, ки ҳатто надидаанд, худро дар қайд гузоранд. Аксаран чунин қайдҳо сохта буда, боиси аз қаламрави Русия ихроҷ шудани муҳоҷирони меҳнатӣ мегарданд. Барои ҳалли ин масъала шабакаи махсуси хобгоҳҳои давлатӣ бояд вуҷуд дошта бошад, то ки муҳоҷирони меҳнатӣ тавонанд худро дар он ҷо ба қайд гузошта, то пайдо кардани ҷойи кор ва беҳтар шудани вазъи молиявиашон бемалол зиндагӣ кунанд”,- таъкид кардааст ин коршиноси рус.
Қонун бозбинӣ шавад!
Александр Сафонов қабл аз шуруъ ба кор аз муҳоҷирон талаб намудани маблағи патентро низ амали боинсофона намедонад. “Мушкили дуюм пардохти маблағи патент мебошад, ки муҳоҷирон бояд онро баробари расидан ба Русия супоранд, на баъди он ки кор карда, маблағи муайяне ба даст меоранд. Ин боиси қонуншиканиҳои минбаъдаи муҳоҷирони меҳнатӣ мегардад. Муҳоҷир маҷбур мешавад барои ба даст овардани маблағи патент ба фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ машғул шуда, бе патент кор кунад”,- мегӯяд ин олими рус.
Ба андешаи Александр Сафонов, танҳо ба муҳлати 12 моҳ додани патент низ бар зарари кор аст, зеро муҳоҷирони меҳнатӣ маҷбур мешаванд, ки қаламрави ин кишварро тарк намоянд ва дубора маблағи зиёдеро сарф карда, ба Русия баргарданд. Ин ба кисаи бе ҳамин ҳам начадон бойи муҳоҷирони меҳнатӣ зарба зада, мушкилоти онҳоро бештар месозад.
“Беҳтар мешуд, ки квотаҳо тамдид карда шаванд ё ба пуррагӣ ба усули патентӣ гузарем”,- гуфтааст Сафонов ва таъкид кардааст, ки чунин мушкилиҳо зиёданд ва пеш аз ҳама бояд қонунгузории муҳоҷиратии Русия бозбинӣ шуда, монеаҳое, ки раванди кор бо шаҳрвандони хориҷиро душвор мегардонанд, аз миён бардошта шаванд.
Олими рус таъкид кардааст, ки маҳз ҳамин масълаҳо бояд зимни музокироти дуҷониба ҳаллу фасл карда шаванд, дар акси ҳол, раванди муҳоҷирати меҳнатӣ халалдор гашта, ҳам иқтисодиёти Русия ва ҳам иқтисодиёти Тоҷикистон зарар хоҳад дид.
“Барои ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷират баҳри созмон додани бозори ягонаи меҳнат дар қаламрави давлатҳои ИДМ талош варзида, қоидаҳои возеҳи қабул, бо манзил, макони зист ва ҷойи кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро ҷорӣ намудан лозим аст”,- хулоса кардааст профессор Александр Сафонов.
Таҳияи Ф. САТТОРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ