Фишорбаландии косахонаи сар дар кӯдакон. Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобат аз назари асабшинос

Шумораи кӯдакони ба фишорбаландии косахонаи сар гирифтор сол то сол меафзояд. Ин беморӣ дар байни мардум бо номи русии “черепное давление” машҳур буда, бештар кӯдакони навзод ва то 3- сола ба он гирифтор мешаванд.

Маъмулан бар асари фишорбаландии косахонаи сар кӯдак ноором шуда, инҷиқӣ мекунад ва агар сари вақт ба табобат фаро гирифта нашавад, чашмонаш метавонанд олус, яъне каҷ шаванд….

Мо бо духтури дараҷаи олӣ, табиби асабшинос Имомиддин Шарофиддинов дар бораи сабабҳои ба ин беморӣ гирифтор шудани тифлакон ва роҳҳои пешгирию табобати он сӯҳбати муфиде оростем ва инак, фишурдаи муҳовараамонро манзури шумо-хонандагони азизи “Оила” мегардонем. Умедворем, ки модарони ҷавон аз маслиҳатҳои судманди ин табиби таҷрибадор истифода бурда, барои пешгирии бемории мазкур чораҳои саривақтӣ меандешанд.

Солҳои охир шумораи кӯдаконе, ки бо бемориҳои асаб ба дунё меоянд, торафт афзуда истодааст. Сабаби инро шумо ҳамчун табиб дар чӣ мебинед?

-Бемориҳои системаи асаб ба бемориҳои органикӣ ва функсионалӣ ҷудо мешаванд. Ба бемориҳои органикӣ сактаи майнаи сар, илтиҳоби асаби чеҳра, илтиҳоби раги қӯян, сарсомҳо ва ғайра дохил мешаванд.  Заъфи асаб, асабхастагӣ ва фишорбаландии косахонаи сар аз зумраи бемориҳои функсионалии системаи асаб ба шумор мераванд. Сабабҳо албатта зиёданд, масалан фишорбаландии косахонаи сар дар кӯдакон асосан бар асари дар давраи ҳомиладорӣ бисёр асабӣ шудани модар пайдо мешавад. Зан дар давраи ҳомиладориаш бисёр асабонӣ шуда, стрессҳои сахтро аз сар гузаронад, тифлаш ба ин беморӣ гирифтор мегардад. Бемориҳои сироятии модар ва истеъмоли баъзе доруҳо низ метавонад кӯдакро ба ин иллат мубтало созад.

-Барои фаҳмидани он ки кӯдак фишорбаландии косахонаи сар дорад ё не, чӣ бояд кард?

Солҳои охир баъзе неанатологҳо ва духтурони кӯдакона низ ин бемориро табобат мекунанд, вале барои табобати дуруст ва пурсамар ҳатман ба духтарони асабшиноси кӯдакона муроҷиат кардан лозим. Барои дақиқ намудан аввал ташхиси ултрасадои майнаи сар-УЗИ гузаронида мешавад. Дар ташхиси беморӣ аз нештарзании камарӣ ва дигар усулҳо низ истифода мебаранд.

-Баъзан вақте кӯдакро бо фишорбаландии косахонаи сар ба назди табиби асабшинос мебаранд, назди духтури чашм мефиристад. Чашм ба фишорбаландии косахонаи сар чӣ алоқмандӣ дорад?

-Дар олами тиб таъбири “чашм оинаи сар аст” вуҷуд дорад ва албатта ин бесабаб нест. Барои фаҳмидани он ки кӯдак фишорбаландии косахонаи сар дорад ё не, ба духтури чашм низ муроҷиат кардан лозим аст. Кӯдак, агар ба ин беморӣ гирифтор бошад, варидҳо тангу шараёнҳо бошанд, баръакс васеъ мешаванд. Фишорбаландии косахонаи сарро сари вақт табобат накунед, чашмони кӯдак олус, яъне каҷ мешаванд. Барои пешгирии каҷшавии чашм волидон бояд кӯдаки худро ҳатман аз назорати духтури чашм гузаронанд.

Мегуфтед, ки аз рӯйи кадом аломатҳо ба фишорбаландии косахонаи сар гирифтор будани кӯдакро фаҳмидан мумкин аст?

-Ҳангоми баланд будани фишори косахонаи сар нармак васеъ шуда, ҳаҷми майнаи сари кӯдак аз меъёр зиёд калон мешавад. Кӯдак ноором буда, бисёр инҷиқӣ мекунад, мегиряд, аз дарди сар азият мекашад.  Ногуфта намонад, ки боз як аломати дигар низ вуҷуд дорад, ки онро “ғуруби офтоб” меноманд. Ин аломат бо поён рафтани сафедии чашм ва баръакс боло рафтани сиёҳии чашм зуҳур мекунад.

Шумо ҳамчун табиби асабшинос ба модарон барои пешгирии ин беморӣ чӣ маслиҳат медиҳед?

Тавсияи ман ба модарони ҷавон ҳамин аст, ки дар вақти ҳомиладорӣ саломатии худ ва тифли батнашонро эҳтиёт намоянд. Кӯшиш кунанд, ки бисёр асабонӣ нашаванд, худро аз стресс ва ҳолатҳои ҳаяҷонбор эмин нигоҳ доранд. Аз заводҳои кимиёвӣ ва дигар ҷойҳое, ки таъсири манфӣ расонида метавонанд, худро дур нигоҳ доранд. Ҳамеша дар зери назорати духтур бошанд ва бе тавсия табибон ягон хел доруро истифода набаранд. Фаромӯш накунанд, ки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар ва арзонтар аст. Хулоса, саломатии худ ва тифли батнашонро эҳтиёт намоянд, зеро солимии кӯдак ба тансиҳатии модар вобаста аст.  

-Барои маслиҳатҳои муфид як ҷаҳон ташаккур!

Ф. Сатторӣ  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *