Фитри рӯза дар Тоҷикистон 8 сомонӣ муайян шуд

Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳаҷми садақаи фитрро барои моҳи Рамазони соли 2025 муайян намуд. Имсол ҳар як шахс бояд 8 сомонӣ фитри рӯза диҳад.

Садақаи фитр бояд ба одамони ниёзманд, ятимон, маъюбон, пиронсолони барҷомонда ва оилаҳои камбизоат дода шавад. Ҳангоми пардохти фитри рӯза ҳамаи аъзои оила, аз ҷумла кӯдакони навзод низ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Масалан, агар дар оила 5 нафар бошанд, маблағи умумии фитр 40 сомониро ташкил медиҳад.

 Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 март дар Тоҷикистон Иди Саиди Фитр таҷлил хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image