“FLEX CHILL” – аввалин трамполин дар Душанбе
27-уми декабр бори нахуст дар шаҳри Душанбе маркази трамполин кушода шуд. Дар ин марказ шумо метавонед ба таври кофӣ ҷаҳед ва нотарсона худро ба чуқурии мулоиму паралонӣ партоед.
Инчунин, метавонед дар онҷо истироҳат намоед ва ба бозиҳои рӯи мизиву компютерӣ машғул шавед.
Ин марказ “FLEX CHILL” ном дошта дар наздикии бинои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҷойгир аст. Дар “FLEX CHILL” бартарияти синну сол аҳамият надорад, хоҳ кӯдак, хоҳ ҷавон ва хоҳ калонсол метавонанд дилхушӣ намоянд.
Тавре мудири ин марказ ба хабарнигори сомонаи “Pressa.tj” гуфт, дар як рӯзи кушодашавӣ зиёда аз 500 нафар мизоҷ ташриф оварданд. Даромадан барои як нафар 20 сомонӣ муқаррар шудааст.
Нафароне, ки дорои биноии паст, бемории қалб, ҳомиладор ва ҷарроҳӣ шудаанд, наметавонанд дилхушӣ намоянд, зеро ба саломатиашон боз зарар мерасонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ