Флод Майвезер муштзани тоҷикро машқ медиҳад

Муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов ба набарди навбатии рейтингӣ бо варзишгари касбии америкоӣ  Ҷон Бревер омодагӣ мегирад. Бино ба иттилои Word Boxing Board ин набард 22-юми июл дар Шарлотте (иёлоти Каролина, ИМА) баргузор хоҳад шуд.

Айни замон муштзани тоҷик омодагиро дар Лас-Вегас дар толори Флойд Мавезер мегузаронад. Машқҳои Меҳрубон Сангиновро Флод Майвезери калонӣ ва мураббии хусусии ӯ қазоқистонӣ Сағатбек Мусохонов роҳбарӣ мекунанд.

«Дар толори Майвезер шароит барои тамрин мувофиқ аст, — гуфтааст Меҳрубон Сангинов ба хабарнигорон. – Дар машқҳ о ман бо беҳтарин муштзанҳои дунё набард мекунам, ки бешубҳа ба омодагии ман таъсир доранд».

Муштзани тоҷик, новобаста аз он ки ҳарифаш соҳиби ринг аст, ба ғалабаи худ боварӣ дорад. «Набарди мо дар Шарлотте муҳимтарин воқеаи рўзи 22-юми июл хоҳад буд», — гуфтааст Сангинов.

Муштзан Меҳрубон Сангинов дар вазни 76,2 кг дар набардҳои рейтингии гузашта бар ҳарифони худ аз Гурҷистон, Латвия ва Лаҳистон ғолиб омада буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *