Фоҷеаи маргбор дар бинои сохтмонаш нотамоми шаҳри Душанбе (аудио)
Дар як бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом дар шаҳри Душанбе марде афтода, ба ҳалокат расидааст.
Ҳодиса 22-юми май, тақрибан соати 9-и саҳар дар бинои сохтмонаш нотамоми рӯ ба рӯи чойхонаи “Роҳат” рух додааст. Яке аз шоҳидон ба Pressa.tj гуфт, ки “саҳар борони сахт буд, мард аз ошёнаи баланд ба замин афтод ва дар ҷояш ба ҳалокат расид. Одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Аз мақомоти милитсия низ ҳозир шуданд”.
Гуфта мешавад, ки номи ин мард Умед ва тақрибан 40-45-сола будааст.
Ин фалокат дар ҳоле сурат гирифт, ки якшанбе истироҳат ва ҳамзамон, боронӣ буд.
Мақомот ин ҳодисаро то ҳол расман шарҳ надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ