Фоҷеа: Кӯдаки даҳсолаи тоҷик дар Ленинград ба ҳалокат расид (аудио)
— Дар рустои Озеркаи вилояти Ленинград як кӯдаки даҳсолаи тоҷик дар ҳавз ғарқ шуд,- хабар медиҳад “Невский News”.
Фоҷиа замоне рух додааст, ки духтар бо модар ва бародараш дар соҳили кӯли Суздал истироҳат мекардаанд. Ҳамин замон ӯ аз назар нопадид шуда, наздикон ба ҷустуҷӯяш шуруъ кардаанд. Маълум аст, ки духтар шино карда наметавонистааст.
Наҷотдиҳандагон ӯро ҳамагӣ 15-20 дақиқа пас аз занги телефонии наздиконаш ба даст овардаанд. Дар роҳ ба беморхона табибон кӯшиш кардаанд, ки духтарчаро наҷот диҳанд, аммо натиҷа надодааст. Ӯ дар ҳолати марги клиникӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ қарор гирифтаву наҷоташ имкон надоштааст.
«Ҷисми кӯдак вокуниш нишон надод, зеро ӯ муддати тӯлонӣ дар об буд. Вақти зиёде аз даст рафт»,- шарҳ додаанд дар клиника.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ