Фоҷиа дар Дарвоз

Бар асари садамаи автомобилӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 9 нафар қурбон шудаанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса занон ва кӯдакон мебошанд.

​Ба гуфтаи шоҳидон дар маҳали рӯйдод, ҳодиса шоми 29-уми январ миёни деҳаҳои Ҷорф ва Вишхарв рух додааст.Як автомашинаи  сокинони деҳаи Курговад ба дарёи Панҷ сарозер шуда, дар натиҷа 9 нафар — як мард, се зан ва панҷ кӯдак ба ҳалокат расиданд ва танҳо ронандаи мошин аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурдааст.Айни замон ҳамаи қурбониёнро, ки сокинони деҳаи Курговади ҷамоати Вишхарв мебошанд, аз дарёи Панҷ берун овардаанд. Ному насаби онҳо то кунун эълон нашудааст, аммо гуфта мешавад, ки хешу табор ваё аъзои як хонавода ҳастанд.Шоҳидон мегӯянд, ронандаи Опел-Зефира ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ва худрав бо ҳамаи сарнишинонаш ба дарёи Панҷ афтодааст. Аммо мақомот то ба ҳол ба таври расмӣ дар робита ба ин рӯйдод изҳори назар накардаанд ва сабабҳои рух додани ин ҳодисаро шарҳ надодаандДар Раёсати умури дохилии вилояти Бадахшон вуқуи фалокатро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки гурӯҳи кормандони милиса ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва таҳқиқ шурӯъ шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *