«Фоҷиа»-и сардабири «Зан ва Мард» Меҳрафруз Неъмонзода
Имруз ҳар зане, ки дар миёни ҷомеаи мо каме шуҳрат пайдо намояд, дарҳол мавриди таваҷуҳ ва тааррузи мардуми беандешаву кутоҳбин қарор мегирад.
Муддати як моҳ аст, ки дар сомонаву пабликчатҳо атрофи номи сардабири ҳафтаномаи «Зан ва мард» ва ровии барномаи машҳури интернетӣ «Аз дил ба дил» Мехрафруз Неъмонзода, ки дар сомонаи Ютуб мухлисони бешумор дорад, сару садоҳо зиёд шудааст.
Ҳафтаномаи Зан ва мард аз 30 юми декабри соли 2005 нашр мегардад. Барномаи интернетии «Аз дил ба дил» аз моҳи июни соли 2017 дар шабакаи Ютуб пахш гардида, то ин дам теъдоди ҳаводоронаш ба 100 ҳазор расидаааст. Сабаби овозаву ҳангомаҳо як моҳ боз бедарак шудану руи чоп набаромадани ҳафтаномаи «Зан ва Мард» ва ҳамзамон аз сомонаҳо нопадид гаштани хонум Меҳрафруз гаштааст. Ҳаводорони барномаҳои Меҳрафруз ва хонандагони нашрияи мазкур ҳатто бар он назаранд, ки бону Меҳрафрузро нафаре гаравгон гирифтааст.
Барои равшанӣ андохтан ба ин мавзуъ худи сардабири нашрия Меҳрафруз Неъмонзода қайд кард, ки таҳдиду кордкашӣ ва суду судбозӣ эшонро ҳеҷ гоҳ нигарон намесозанд, чунки кори журналистӣ ҳамин аст . Тавре Меҳрафруз илова намуд, сабаби чанд муддат ба чоп набаромадани нашрияаш пастиву баландиҳои зиндагияш гаштааст. Ӯ гуфт, ки пас аз нашри як овозаи бардуруғ, ки гӯё ману шавҳарам аз ҳамдигар ҷудо шудаем миёни мухислонам сару садоҳои зиёд овард ва ҳатто аз дохилу хориҷ ба ман занг зада рост ё дурӯғ будани ин хабарро мепурсиданд. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмондам, ки зиндагии обод дораму шавҳарам болои сарам аст вале ба суханонам бовар накарда, такрор ба такрор сари ин мавзуъ пурсон мешуданд. Ҳатто таҳдид мекарданд ки туро аз шавҳарат ҷудо мекунем. Нафароне ҳам пайдо шуданд ки руирост ба ман изҳори муҳаббату пешниҳоди оиладоршавӣ мекарданд. Ҳамаи ин ҳодисаҳои ба сарам омада маро аз пой афтонданд ва муддате бистарӣ гаштам.
Иқрор мешавам, замоне ки шинохта набудам , зиндагии орому осуда доштам, акнун шавҳарам сари ҳар қадам рашк мекунад. Вале бо вуҷуди ин, гуфтаму боз мегӯям, ки зиндагиям обод аст ва аз чизе кам нестам, вале захми забони душманонам мисли захми корд ба ҷигарам асар мекунанд. Ҳамин қадарро гуфтан мехоҳам ки шуҳрат дар ҳақиқат бӯи хун доштааст. Барои аз матбуот дур шуданам аз хамаи шумо узр мепурсам ва гуфтанӣ ҳастам ки Мехрафруз ҳамеша машъали дилҳои шумо хоҳад монд,- мегӯяд дар поёни суҳбат Бону Меҳрафруз Неъмонзода.
Меҳрафруз Неъмонзода 29 апрел 1987 дар деҳаи Файзободи н.Ҳамадонӣ дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Хатмкардаи шӯбаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон . Аз соли 2005 то инҷониб ба ҳайси сардабир дар нашрияи «Зан ва Мард»фаъолият мекунад.
Аз соли 2005 қадамҳои аввалинашро дар шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон гузошта, ба ҳайси наттоқ фаъолташро оғоз намудааст. Ҳамчунин дар барномаи «Навои бомдод» баъдан бо рӯзномаҳо ҳамкориро сар карда, мақолаҳояш дар «Ҳамрози ҷавонони донишгоҳ » нашрияҳои «Оила», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Чархи гардун», маҷалаи «Ману ту» ва рӯзномаи «Ҷумҳурият»нашр гаштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ