Фоҷиаи 20 солаҳо, мошинсаворӣ карданду аз ҷони ҷавон маҳрум шуданд  

Шаби 8 декабр бар асари бархӯрди мошини боркаши «Дулан» бо як сабукрави «Тойота-Королла» дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун ронандаи «Тойота» ва як мусофираш – ҳарду ҷавонони ҳамагӣ 20-сола ба ҳалокат расиданд. 4 мусофири дигари мошини сабукрав, аз ҷумла як кӯдак ҷароҳат бардоштанд.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 8 декабр, соати тахминан 22 «ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан», Давлатов Маҳмадзоир Зокирович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Панҷи поён, дар деҳаи А.Сурхи ноҳияи Ҷайҳун, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла», таҳти идораи ронанда, Тағоев Ҳоким Раҳимович, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Тоҷикистони ҳамин ноҳия, ки аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун ҳаракат мекард, бархӯрдааст.»

Дар натиҷаи ин садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Карола” Тағоев Ҳ. ва мусофири дар дохили автомашина буда, Сабуров Ҳаким Идрисович, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Тоҷикистон, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Инчунин, мусофирони дар дохили автомашинаи мазкур буда Пирова Кенҷагул, соли таваллудаш 1971 ва хурдсол Зубайдуллоева Шукрона Шарофиддиновна, соли таваллудаш 2013, сокинони деҳаи Истиқлол ва шаҳрвандон: Додарбеков Бурҳониддин, соли таваллудаш 1997 ва Сангов Рамазон Муродалиевич, соли таваллудаш 1997, сокинони деҳаи Тоҷикистон, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Вазорати дохила мегӯяд, ин ҳодиса таҳти тафтиш қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *