Фоҷиаи Индонезия, Президент изҳори тасаллият кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо офати табиии пурқурбонӣ дар Индонезия ба президенти  ин кишвар изҳори тасаллият кард.

Дар барқияе, ки рӯзи 24 декабр ба номи Ҷоко Видодо ирсол шудааст, президенти Тоҷикистон навишт, ки “аз шунидани хабари ҳалокату маҷруҳ шудани шумори зиёди шаҳрвандон” андӯҳгин шудааст.Рӯзи 24-уми декабр президенти Индонезия Йоко Видодо аз қисмати ғарбии ҷазираи Ява дидан кард, ки шоҳиди шадидтарин зарбаи сунамӣ шудааст. Мавҷи бузурги об, ки бар асари лағжиши зериобии замин ба амал омадааст, боиси фавти камаш 280 нафар ва хасороти зиёди молӣ гардид. Раҳбари Индонезия эътироф кард, ки барои пешгирӣ аз қурбониҳои зиёд, низоми огаҳӣ аз офат зарур аст. Ӯ гуфт:»Ҳозир мо наметавонем хулоса барорем. Эҳтимол заминҷунбӣ боиси сунамӣ шуда бошад, вале ин дақиқ нашудааст. Дар оянда агентии ҳавосанҷӣ таҷҳизоти огаҳкунанда тақдим хоҳад кард, ки ҳар нафари алоҳидаро аз офат огаҳ мекунад».Хадамоти наҷоти Индонезия бо истифода аз техникаи вазнин амалиёти наҷот ва поккории минтақаро давом медиҳанд. То субҳи 24-уми декабр ҷасади камаш 280 нафар ёфт шуд. Агентии ҳавосанҷии Индонезия тасдиқ кардааст, ки фурӯрезии бахше аз вулқони Анак Кракатау боиси сунами ё ҳуҷуми мавҷи 2-3 метраи обҳои уқёнуси Ҳинд ба соҳилҳо шуд. Дар натиҷа, дар фоҷеаи шоми 22-уми декабр дар ҷазираҳои Суматра ва Ява даҳҳо нафар осеб дид. Дар ин офат камаш 1 ҳазор каси дигари ҷароҳат бардошта, наздик ба 12 ҳазор нафар ба ҷойҳои амн интиқол ёфтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *