ФОҶИАИ СЕВАРОЙ-2 хунукназарии мақомот ба фоҷиаи хунин расонд
ФОҶИАИ СЕВАРОЙ-2
хунукназарии мақомот ба фоҷиаи хунин расонд
Шахсе, ки бо аҳли оилааш аз хона бар хонае иҷоранишинӣ кардааст, дарди Севарой ва шавҳари бечораашро мефаҳмаду халос. Ман муаллифи ин сатрҳо, ки то соҳиби хонаи худ шудан дар даҳҳо хонаи мардум иҷоранишинӣ кардаам, ӯро мефаҳмам. Аммо дарди ману мушкилоти ман дар назди Севарой ҳеҷ аст. Зеро маро касе фиреб дода, хонаи қонуниамонро кашида нагирифтааст. Банда даҳсолаҳо навбат пойида, шукр, соҳибхона шуда будам.
Севарой бо мушкилоти манзилаш моҳи феврали соли равон дар нақшаи фаъолияnи эҷодиамон пайдо шуд. Ҳамкорамон, мудири шуъбаи ҳуқуқ ба нафақа баромаду роҳбарияти ҳафтанома навиштани мавзӯъҳои ҳуқуқиро ба ман бовар карданд. Таҳқиқи номаи шикоятии Севарой нахустин имтиҳон барои ман гардид. Дар ҷараёни таҳқиқ дурустии иддаои Севарой ва шавҳараш Саъдӣ Шарифовро нисбат ба шаҳрванд Фирдавс Шарифов — бародари калонии Саъдӣ ошкор намуда, мақолаи проблемавии “Фоҷиаи Севарой”-ро дар шумораи 15 феврали соли 2017 ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ба табъ расондам. Умед доштем, ки Суди Олӣ мушкилоти Севарой Баротоваро мутобиқ ба қонунгузорӣ омӯхта, ҷониби ҷабрдидаро мегирад. Вале ҳеҷ гумон намекардем, ки кормандони ин мақомоти олии судӣ ба хулоса ва ҳукми суди ноҳияи Фирдавсӣ бештар эътимод карда, аз пайи тафтиш ва ошкорнамоии ҳақиқати масъалаи даъвогӣ намешаванду бо тақдири як оилаи бесарпаноҳмонда бозӣ мекунанд ва қонуншиканро ҷонибдорӣ менамоянд. Афсӯс, ки чунин бозиҳо дар таҷрибаи судҳо кори одию муқаррарӣ шуда мондааст. Ҷониби ганҳгорро гирифтан дар мисоли баҳси манзили Севарой ва Саъдӣ Шарифовҳо ҷойи тааҷҷуб ва ҳайронӣ нест. Масъулони Суди Олӣ ва муфаттиши суди ноҳияи Фирдавсӣ бо сабабҳои барои мо номаълум тафтиши қазияро сарсарӣ гузаронда, тифлакони маъсуми Севаройро дар қади кӯчаю бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе ҳайрон монданд. Аз рӯйи мантиқ мебуд, агар Суди Олӣ аз сари нав сабабҳои ба миёнойии баҳси манзили бародарон Шарифов Саъдӣ ва Фирдавсро мӯшикофона тафтиш мекард, аммо боре рафта бо мардуми бозорнишини “Саховат”, ки барои Севарою се фарзанд ва шавҳараш ҳам ҷойи зисту ҳам манбаи ризқу рӯзиёбӣ гардидааст, боре суҳбат накарда, шоҳидонро напурсиданд (масалан, Ҷамолбӣ Файзуллоева, Насрулло Азизов, Ҳоҷӣ Ҷамолиддин ва дигарон) бар замми ин ҳама, болои сӯхта намакоб, имкон доданд, ки Фирдавс Шарифов худро дар хонаи ишғолнамуда ба қайд гузорад. Агар аз рӯйи виҷдону мавқеи дурусти касбӣ қазияи манзилталошии бародаронро месанҷиданд, худу фарзандони худро лаҳзае ба ҷойи аҳли оилаи Севарой тасаввур мекарданд, шояд муноқиша бо кордзанӣ анҷом намеёфт.
“Фоҷиаи Севарой” воқеан фоҷиа шуд. Аз хунукназарии мақомоти Суди Олӣ ва суди ноҳияи Фирдавсӣ истифода карда,соҳибкор Фирдавс Шарифов бо маслиҳати мутахассисон тамоми ваҷҳҳои даъвоҳои додарашро барои баргардонидани хонаи қонунии сеҳуҷрагиаш дар шаҳри Душанбе исботнашаванда кунонда, худро соҳибмулки қонунӣ эълон кард. Додараш Саъдӣ, ки аз лиҳози маблағ дасткӯтоҳ аст, боз бо фарзандони хурдсолаш сарсону саргардони бозори “Саховат”ва дар ба дари мардум шуд.
Ҳоҷӣ Ҷамолиддин, шиноси деринаи бародарон Шарифовҳо мегӯяд:
-5-6 сол пеш, замоне ки модари Саъдию Фирдавс барҳаёт буд, онҳо ба хотири ман дастархон кушода, ҳоҷиталбон оростанд. Ҳамон рӯз Саъдӣ бо орзую ҳавас гуфта буд, ки мехоҳад акааш Фирдавс аз Кӯлоб кӯчида биёяд ва дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад. Ин хоҳиши ӯ амалӣ шуду Фирдавс бо зану фарзандаш дар сехонагии онҳо ҷой гирифт.
Дар масъалаи рӯзгордорӣ бародарон аз ҳам тафовут доранд. Фирдавс қобилияти ташкилотчигӣ ва соҳибкорӣ дорад, бинобар ин, дар зиндагӣ дарҳол мавқеашро пайдо намуд. Вай то ба хонаи додараш маскун шудан дар маҳали “Бозори Ҷал-ҷам” хонаи дуҳуҷрагӣ дошт. Ба додараш гуфт, ки агар дар сехонагиаш ӯро ба қайд бигирад, ӯ духонагиашро фурӯхта, зиндагиашонро пеш мебаранд. Саъдӣ, ки ҷойи кори аниқ надошт ва дар бозор бо занаш ба савдои кӯчагии нон машғул буданд, мудом дастнигари акааш буд. Байни оилаи онҳо ҷанҷол сар мезад ва боре дар набудани Саъдӣ зани бародари шавҳараш Севарой ва ду фарзандашро ба хона роҳ намедиҳад. Саъдӣ аз носипосии янгааш ба ғазаб омада, ӯро ҳатто мезанад. Фирдавс гуфт, ки бар асари ин амали додараш занашро ду моҳ дар беморхона табобат намуда буд.
Баъди он, ки муроҷиатҳои хаттию шифоҳии Севарой Баротова ба Суди Олӣ, мақомоти прокуратура ва мақола дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” натиҷаи дилхоҳ надод, оилаи бечора ҳамоно гоҳ дар растаҳои бозори “Саховат” ва гоҳе дар роҳи зеризаминӣ шабро рӯз карда, гоҳи дигар дар хонаи мардум иҷоранишинӣ мекард. Таъмини рӯзгори фақирона аслан бар дӯши Севарой буд, ки бо нонфурӯшӣ чанд сомоние меёфт. Боз даҳҳо соҳибкорони бозор ба қадри имкон дастгириаш мекарданд. Саъдӣ кӯдакбонӣ менамуд. Фирдавс, ки роҳу забон ва воситачиён ёфта, сехонагиии додарашро комилан аз худ карда буд, духонагиашро фурӯхта, дар бозори “Саховат” ҳавличаеро харид ва дар он ҷо нонвойхона кушод. Рӯзгори серу пуре ба ӯ муяссар шуд. Тавре фаҳмидед, Фирдавс худро ба талаботи замони имрӯза мутобиқ карда тавонист. Додарашро бо ваъдаю ваъдабозиҳо ва додани чанд сомоние, ки ба садақапулӣ шабоҳат дорад, бехонумон кард. Ӯ ваъда дода буд ва дар ҳолати бистарӣ буданаш низ ба ман инро такрор намуд, ки омода аст барои Саъдӣ ва аҳли оилааш якто 1-хонагӣ харида диҳад. Севарой ба ҳамин ҳам шукр мегӯяд, аммо шӯяш Саъдӣ талаб дорад, ки Фирдавс сехонагиашро баргардонад…
Ин ҷанҷолу муноқишаи бародарон Саъдию Фирдавс чор сол давом дошт. Ва эҳтимол меравад, ки Саъдӣ бо ин кордзаниаш ба он нуқта гузошт…
… 11 октябри соли равон бинобар пардохта натавонистани иҷорапулӣ соҳибхонаҳо Севарой ва шавҳару се фарзандашро ба кӯча пеш кард. “Мо ҳам зиндагӣ дорем, андоз месупорем барои иҷорашинонӣ. Равед, аз бародаратон хонаатонро талаб кунед!”. Саъдӣ сари қаҳру ғазаб ба нонвойхонаи Фирдавс рафта, аҳволи ба сараш омадаро нақл мекунад ва мадад металабад. Бародарон коҳи куҳнаро бод дода, дарду алами ҳамдигарро тоза карда, боз ба дашному ҳақорати ҳамдигар мегузаранд. Саъдӣ аз коргаҳи акааш баромада рафта истода буд, ки Фирдавс бо се-чор коргараш ӯро дар назди мағозаи сари роҳ дошта заданд. Саъдӣ барои тарсонидан аз киса кордчае бароварда, таҳдид намуд ва акааш курсичаеро гирифта, ба сараш мезанад. Бародарон ба ҳам дармеафтанд ва дар ҳамин замон Саъдӣ ба китфи чапи Фирдавс корд мезанад. Онҳоро милисаи минтақавии бозори “Саховат”аз ҳам ҷудо мекунад, Фирдавсро ба беморхонаи “Истиқлол” ва Саъдиро ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ мебаранд. Севарой мегӯяд, ки афтударафти бародаронро камераи ҳамон мағоза сабт кардааст. Вале на корманди ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ ва на мақомоти дигар ба ин таваҷҷуҳ накардаанд. Вале дар сомонаи ВКД ҷумҳурӣ хабаре паҳн намуданд: “Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ марди 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб муроҷиат намудааст, ки 11-уми октябри соли 2017, тахминан соати 15:30 дақиқа, бародараш, марди 39-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии ноҳияи мазкур дар дохили бозори «Саховат”-и шаҳри Душанбе бо корди дар дасташбуда ӯро як маротиба задааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Бародари марди ҷабрдида бо гумони авбошӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.
Севарой Баротова, вобаста ба ин қазия навиштааст, ки соли 2013 баъди даргузашти модаршӯяш, Фирдавс аз шавҳараш хоҳиш кард, то манзили сеҳуҷрагиашро, ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе воқеъ аст, бо хонаи дуҳуҷрагии вай иваз кунанд: “Гуфт, ки шумо фарзанд надоред, рафта дар духонагии ман зиндагӣ кунед. Шавҳарам розӣ шуд. Аммо чун падари ман гузашт, мо ба зодгоҳам рафтем. Вақте баргаштем, Фирдавс хонаи дуҳуҷрагиашро фурӯхтааст. Ваъда кард, ки барои мо хонаи якҳуҷрагӣ мехарад. Ба ин ҳам розӣ шудем, аммо ваъдаашро иҷро накард”.
Севарой мегӯяд, ки вақте Фирдавс дар хонаи қонунии онҳо иқомат кард ва бар ивазаш манзиле барои онҳо нахарид, маҷбур шуданд, ба суди ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намоянд. Суди ноҳияи мазкур бидуни ҳузури онҳо ҳалнома содир кардааст, ки бар асоси он онҳо муваззаф шудаанд, бародари шавҳарашро дар манзили сеҳуҷрагии худ сабти ном кунанд
Ҳоло Севарой Баротова, модари се фарзанд ва бар замми ин ҳомиладор, бо кӯчаш дар бозори “Саховат” «истиқомат» дорад. Ягона мутаккояш бозорнишинон мебошанд. «Директори нави бозор ба ман гуфт, ки рафта иҷора шинам, иҷорапулиамро медиҳад»,- мегӯяд Фирдавс аз беморхона ҷавоб шуду ният дорад шавҳарамро бо ҷинояти вазнинтаре зиндонӣ кунад. Агар ба ин масъала одилона расидагӣ нашавад, ин дафъа ман худамро мекушам ё нонвойхонаашро оташ мезанам. Бигзор ба аъмоли шавҳарам баҳои қонунӣ дода, масъалаи манзили қонунии мо ҳам ҳал карда шавад”.
…Ман бо умед ба хабаргирии Фирдавс ба беморхона рафтам,ки шояд бародарон ҳамдигарро бахшанду ин моҷаро ба хушӣ анҷом ёбад. Аммо дар суҳбати кӯтоҳе аз гуфтаҳои Фирдавс оҳанги пушаймонию раҳмеро ба фарзанди падараш — Саъдии аз мушкилоти рӯзгор сару калобаашро гумкарда ҳис накардам. «Бигзор дар назди қонун ҷавоб гӯяд»,- қатъӣ гуфт Фирдавс. Шояд ӯ андеша дорад, ки ниҳоят аз ҷанҷолу мунқишаи додараш халос мехӯрад. Аз дасти Севарой ва фарзандони кӯчакаш чӣ меояд, вақте ки амакашон пул дораду бо он ҳамаи мушкилоти худро ҳал карда метавонад. Вагарна, чаро худи Фирдавс дар назди қонун ҷавоб намегӯяд? Ё ба қавли Севарой, бигзор ҳардуяшон дар назди қонун ҷавоб гӯянд…
Эмоми НАЗАРИЁН,
«Тоҷикистон».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ