Фоҳишамард будан намехоҳам!
Ман ҷавони 23- солаи муҷарад ва яке аз бадбахттарин инсонҳои рӯи олам ҳастам, чунки Худованд бароям ҳусни оламгир додааст.
Хонандагони азиз, шояд шумо ҳайрон шавед, ки чаро ман аз беҳтарин неъмати парвардигор-ҳусну ҷамол, ки аз паёмбарҳояш танҳо ба ҳазрати Юсуф ато намуда буд, ношукрӣ мекунам. Гап дар сари он аст, ки Парвардигор ба ман ганҷи ҳуснро арзонӣ дода бошад ҳам, аз зиндагии серу пур маҳрумам намудааст. Падару модарам одамони бениҳоят камбағал ва бар замми ин, ҳардуяшон беморанд. Волидони аз зиндагӣ наосудаам чанд сол боз дар бистарӣ беморӣ мехкӯб хобида, аз субҳ то шом бо умед ба дар менигаранд, ки писарашон, яъне мани сарсахт чӣ меорам. Донишам чандон бад набуд, вале бо сабаби бепулию бесоҳибӣ натавонистам дар ягон донишгоҳ таҳсиламро идома диҳам. Ба муҳоҷират рафтам, корам омад накард, ба бозор баромадам, муфлис шудам, хулоса, худро ба сад дар зада бошам ҳам, ягон манбаи даромад наёфтам. Хеле фикр карда ба хулосае омадам, ки ба маҳаллаи 82 рафта, дар мардикорбозор менишинам ва бо корҳои майда-чӯйда ризқу рӯзии падару модари беморамро меёбам, аммо…
Дар муддати кӯтоҳи дар мардикорбозор бо умед кор ҷустанам ба хулосае омадам, ки баъзе занҳо ба васвасаи шайтон афтида, на танҳо шарму ҳаё, балки ҳатто худоро фаромӯш кардаанд. Тӯли чанд рӯзи дар мардикорбозор нишастанам, чанд зани мошинсавор ва сарватманд ба ман пешниҳоди вақтхушӣ намуда, ошкоро гуфтанд, ки бар ивази як шаб нағз “хизмат” кардан, то 100 доллар мукофот медиҳанд. Хонандагони азиз, бовар кунед, бо шунидани ин суханони бешармона аз забони занҳо мани мардбача дар обу арақ тар шуда, аз шарм замин намекафид, ки дароям. Ҳар дафъа “ман фоҳишамард нестам” гӯён, бо ғазаб аз мошин мефаромадам ва афсӯс мехӯрдам, ки чаро худованд маро бадафт наофаридааст, ки аз шарри занҳои бешарм эмин монам. Кош худованд ба ҷойи қаду қомати зебою чашму абрӯвони сиёҳ ба ман давлат медод, то ки падару модарамро табобат карда ба по мехезондам ва бо чунин одамони худобехабар рӯ ба рӯ намешудам!
Илҳом, муштарии 987-88-06….
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ