Фоида ва зарари харбуза

Имрӯзҳо бозорҳо пур аз тарбузу харбуза шуда, чашми кас аз дидани меваю сабзавоти фаровон барқ мезанад. Махсусан аз накҳати гуворо ва бӯйи хуши харбуза даҳони одам об мекушояд. Ман харбузаро хеле дӯст медорам, вале модарам мегӯянд, ки беҳтараш тарбуз хӯрам, чунки харбуза зарарнок аст. Магар дар ҳақиқат чунин аст?

НАСИБА, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

— Харбуза аз ҷумлаи ғизоҳои зудтаъсиркунанда буда, баданро фарбеҳ мегардонад. Хӯрдани харбуза дарунро пок мегардонад. Он гиреҳи узвҳоро мекушояд, вале харбузаро бо ғизоҳои вазнин, масалан бо панир бихӯранд, баръакс дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо мекунад. Тухми харбузаро кӯфта, ба ҷойҳои варам гузоранд, онро рафъ мекунад. Он ҳатто варамҳои сахтро кам мекунад. Дарди чашмро сокит мегардонад. Барои расонидани қуввати давоҳо ба ҷигар ва ба роҳҳои пешоб бағоят таъсирбахш мебошад. Беҳтарин вақти тановули харбуза байни хӯрдани ду таом аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *