«Фонд таджика” «бомж”-ҳои тоҷикро аз Русия бармегардонад
«Фонд таджика” дар шаҳри Маскав як «бомж” аз Тоҷикистон бо номи акаи Иззатро пайдо кардааст, ки дар кӯча зиндагӣ мекунад. Ин созмони хайрия қасд дорад, акаи Иззат ва дигар чунин тоҷикҳои «бомж”-ро дар саросари Русия пайдо карда, ба Тоҷикистон фиристад.
«Фонд таджика”, як созмони хайриявие, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсис додаанд, рӯзи 26 июн видеои мардеро нашр кард, ки аз Тоҷикистон буда, чанд сол боз дар шаҳри Маскав дар кӯча мисли «бомж” (без определенного места жительства) зиндагӣ мекунад.
Парвиз, як масъули «Фонд таджика” мегӯяд, ин мардро, ки дар ягон ҷо кор намекунаду зиндагиашро аз ҳисоби ҷустуҷӯиягон қути лоямут аз қуттиҳои партов мегузаронад ва майхора ҳам будааст, дар ҷараёни анҷоми як санҷиши афкори ҷомиа ба намоз хондани мусалмонон дар кӯчаҳои пойтахти Русия пайдо кардаанд.
Ин мард, ки ҳатто ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, аз ҷумла шиноснома ҳам надоштааст ва атрофиён ӯро «акаи Иззат” гуфта муроҷиат мекарданд, дар сӯҳбат бо масъулони «Фонд таджика” мегӯяд, ки аз «Куйбеш” (ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон) аст ва 6 хоҳару 3 бародар дорад:
—Хонаи ман дар маркази Куйбеш аст. Маро 15 сол доданд, зиндон шиштам, баъд инҷо омадам.
—Ака, шумо Тоҷикистон рафтан мехоҳед?
—Ҳа.
—Сад фоиз рафтанӣ ҳастед?
—Ҳа.
—Пагоҳ меоем, шуморо сартарошхона мебарем, мӯи саратонро паст мекунем, ришатонро мегирем, як сару либос мегирем бароятон, билетатонро мегирем, меравед.
Парвиз, намояндаи «Фонд таджика” ба ин мард ваъда дод, ки ӯро ба Тоҷикистон мефиристад ва аз фурудгоҳи Душанбе ӯро рост бо маҳалли зисташ дар ноҳияи Хуросон хоҳанд бурд. Танҳо коре, ки масъулони «Фонд таджика” аз ин «бомж”-и тоҷикистонӣ хостанд, бас кардани нӯшидани шаробу кашидани сигор буд:
—Боваратон кунем, ки нӯшиданро бас мекунед? Ҳам дар инҷо, ҳам дар Тоҷикистон!
—Ҳа, албатта. Ман дигар наменӯшам. Шумо ҳам мисли йигитт ба қавлатон истед. Пагоҳ гуфтед, пагоҳ, тамом!
Парвиз дар охири видео дасти акаи Иззатро гирифта, қавлаш дод, ки фардо омада, сару либос ва сари рӯи ӯро дигар мекунанд ва «красавчик” карда, ба Тоҷикистонаш мефиристанд.
Акаи Иззат аз ин хайрхоҳӣ чунон ба риққат омада буд, ки дар давоми сӯҳбат чандин бор ашк аз чашмонаш равон шуд…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ