Forbes: Apple гаронтарин бренд дар ҷаҳон

Айни замон арзиши тамғаи “себӣ” 205,5 млрд. доллар арзёбӣ мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 12% зиёдтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, бори нахуст дар таърихи баҳодиҳӣ ба брендҳо он нишондиҳандаи 200 млрд. долларро убур кард.

Гаронтарин брендҳо (тамғаҳо)-и ҷаҳонро дар соли 2019 маҷаллаи маъруфи Forbes эълон кард. Ин соли нуҳум аст, ки дар 10-гонаи беҳтарин пайдарпай корпоратсияи амрикоии Apple пешсаф аст.

Айни замон арзиши тамғаи “себӣ” 205,5 млрд. доллар арзёбӣ мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 12% зиёдтар мебошад. Дар ҳамин ҳол, бори нахуст дар таърихи баҳодиҳӣ ба брендҳо он нишондиҳандаи 200 млрд. долларро убур кард, хабар медиҳад GolfStrimInform.

Зинаи дуюмро дар ин рӯйхат Google ишғол намудааст, ки тамғаи он 167,7 млрд. арзёбӣ шудааст. Ва ниҳоят мақоми сеюмро Microsoft бо 125,3 млрд. доллар касб кардааст.

Ба даҳгонаи аввали феҳрист ҳамчунин ширкатҳое чун Amazon (97 млрд. доллар), Facebook (88,9 млрд. доллар), Coca-Cola (59,2 млрд. доллар), Samsung (53,1 млрд. доллар), Disney (52,2 млрд. доллар), Toyota (44,6 млрд. доллар) ва McDonald`s (43,8 млрд. доллар) шомил шудаанд.

Мувофиқи раддабандии нашршуда, ширкатҳои Русия дар феҳристи гаронтарин тамғаҳои ҷаҳон ҷой надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *