Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Дар доираи сафари давлатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаи 16 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи «Интернешнл Ҳотел Тошканд»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон ( international hotel Tashkent) Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор гардид.
Форуми соҳибкоронро Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Отаҷонов Нодир Собирович ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони зиёда аз 400 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, фармасевтӣ, хизматрасониҳои молиявӣ а сайёҳӣ, инчунин намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз ва рушди сайёҳӣ, хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон, Котиботи Шӯрои машваратии назди резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ШСХ «Барқи тоҷик», КВД «Роҳи Оҳани Тоҷикистон», КВД «Ширкати Алюминии Тоҷик», КВД «Тоҷинвест», ҶсК «Тоҷиктрансгаз», Палатаи савдо ва саноат ва дигар корхонаҳои давлатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Икромов Адҳам Илҳомович ва Раиси палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид оид ба рушди савдо, саноат ва муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ сухан намуданд.
Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муовини вазири савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сайфназаров Соҳиб Исмоилович ва Директори генералии «КВД Тоҷикинвест»-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷавоҳирот Музаффарӣ тавассути рӯнамо ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд.
Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳар ду кишвар дар формати «Соҳибкор бо соҳибкор» (В2В) баргузор гардида масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ созишномаи ҳамкорӣ байни соҳибкорон ба маблағи беш аз 106,8 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд. Ҳамкорони соҳибкорон ва ба имзорасонии созишномаҳо идома дорад.
Соли ҷорӣ маротибаи панҷум аст, ки доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамоишҳои муштаракро гузаронида дар доираи онҳо зиёда аз 200 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 845 млн доллари ИМА дар соҳаҳои металургия, энергетика, нафту газ, сохтмонӣ, сайёҳӣ хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо ба имзо расониданд.
Танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон зиёда аз ду маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар доираи форуми мазкур соҳибкорон ба корхонаи «Артел Групп». Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Gold Dried Fruits Export», Корхонаи муштараки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Uztex Tashkent» и и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварда ба раванди истеҳсолӣ шинос шуданд.
Иштирокчиёни Форуми соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо ки ба имзорасонии созишномаҳо ва шартномаҳо равона гардида, фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ