Форуми соҳибкорони ватанӣ дар Кӯлоб гузашт
Дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва намоиши молу маҳсулоти «Хатлон — 2016» баргузор гардид.
Ин форум, ки 22 июли соли ҷорӣ доир шудааст, меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар, аз қабили Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумуҳурии исломии Эрон ва дигар давлатҳо ҳузур доштанд, аз маҳсулоти ба маърази тамошогузоштаи соҳибкорони ватанӣ дидан намуданд.
Ҳадафи баргузории ин форум барои рушди соҳаи иқтисодиёту саноат, тақвият бахшидани ҳамкории соҳибкорони шаҳри Кӯлоб умуман соҳибкорони вилояти Хатлон бо дигар соҳибкорони манотиқи Тоҷикистон ва берун аз марзи кишвар, инчунин пайдо кардани шарикони рушд дар самти беҳтар гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ ва дарёфти харидор дар бозори ҷаҳонӣ мебошад.
Дар доираи форум имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар рафти он аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ таҳлилу пешниҳодхо барои рушди ин бахши мухим баён карда шуд. Хулосаҳо карда шуд, ки дар вилоят бахши хусусӣ ба ин соҳа бештар ҷалб карда шавад, хатсайрҳои маҳаллӣ фаъол шаванд, саноати истеҳсоли армуғону туҳфаҳо барои сайёҳон рушд дода шавад ва иқтидори сайёҳии вилоят дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ муаррифӣ карда шаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ