Фотима Шарифова вафот кард

24 декабр муовини собиқи раиси ҳукумати шаҳри Панҷакент ва мудири собиқи омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, Фотима Шарипова дар синни 65-солагӣ аз олам даргузашт.

 Фотима Шарипова солҳои охир аз бемории қанд ранҷ мекашид. Фотима Шарипова фаъолияти кориашро пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Ленинобод, ба ҳайси муаллимаи фанни забони русӣ дар мактаби деҳаи Ғусари Панҷакент сар кардааст. Сипас соли 1979 дар пленуми кумитаи шаҳри Панҷакентии ЛКСМ Тоҷикистон, котиби дуюм интихоб гардида, соли 1981 директори Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент таъин мегардад. Фотима Низомовна Шарипова соли 1983 котиби идеологии кумитаи шаҳрии ҳизби ҳокими коммунист – КПСС – дар Панҷакент интихоб шуд.Соли 2001 чанд муддат, дар вазифаи раиси кумитаи занон ва оилаи ҳукумати шаҳр ва солҳои 2001- 2004 дар мақоми муовини раиси ҳукумати шаҳри Панҷакент кор кардааст. Соли 2004 Фотима Шарипова ташкилоти ҷамъиятиеро бо номи «Занони Шарқ” ташкил карда, то поёни умраш дар ҳамин созмон фаъолият бурд.Фотима бо хоҳараш Зӯҳро дугоник ба дунё омадааст ва ин хоҳаронро дар Панҷакент ба далели фаъолиятҳои назаррасашон ҳама мешинохтанду ҳурмат мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *