Франсия ва Тоҷикистон манофеъи муштарак доранд
Дар мулоқоти дар сатҳи олӣ дар Париж таъкид шуд, ки иқдомҳои созандаи Франсия дар масъалаҳои тағйирёбии иқлим, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои амниятӣ, аз қабили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, ҳамрадифи манофеи Тоҷикистон мебошанд.
8 ноябр Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Елисей бо Эммануэл Макрон, Президенти Франсия дидору гуфтугӯ кард.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, соҳаҳои гуманитариву фарҳангиро, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои авиатсияи гражданӣ, энергетика, логистикаи нақлиётӣ, телекоммуникатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва фаъолияти муҳандисию машваратӣ, аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номида шуд.
Раисони ҷумҳуриҳои Фрвнсия ва Тоҷикистон густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кимиёвӣ, металлургияи сиёҳ ва ранга, аз ҷумла истеҳсоли алюминийро, афзалиятнок ва муҳим арзёбӣ карданд.
Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкории ҷонибҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки кишварҳои моро манфиатҳои муштараки байналмилалӣ, яъне таъмини рушди устувор, таҳкими сулҳу субот, мубориза бар зидди таҳдидҳои амниятӣ ва пешбурди ташаббусҳои созандаи глобалӣ, ба ҳам мепайванданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба мубориза ба муқобили хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ — терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, савдои инсон, табодули андеша карданд.
Дар рафти суҳбат Президенти Франсия пешниҳод намуд, ки муколамаи миёни Франсия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо таъсис дода шавад.
Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Пас аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Франсия муҳтарам Эммануэл Макрон 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:
— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ;
— Эъломияи ҳамкорӣ дар соҳаи сайеҳӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия;
— Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Франсия ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 2019-2023;
— Эъломия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумхурии Франсия оид ба ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти Франсиявии тадқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC);
— Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкории таҳсилотӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Париж 1 Пантеон-Сорбонна.
Дар маҷмӯъ дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Франсия 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ