Freedom House : Қирғизистон ягона кишвари қисман озоди ОМ мебошад
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ 5 феврал гузориши худ — «Озодӣ дар ҷаҳон-2019»-ро нашр кард.
Дар гузориши нави Freedom House — «Озодӣ дар ҷаҳон – 2019. Демократия ақибнишинӣ мекунад» омадааст, ки вази ҳуқуқи сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар 68 кишвари ҷаҳон бадтар шудааст. Коршиносони созмон танҳо дар 50 кишвар беҳбудиро мушоҳида кардаанд.
Муаллифон кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ (ОМ), Русия, Эрон, Озарбойҷон, Черногория, Сербистон ва Маҷористонро танқид кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин кишварҳо “дар таназзули 13-сола ва пайиҳами озодӣ дар саросари ҷаҳон мусоидат карданд”.
Қазоқистон ба монанди солҳои пешин дар қатори кишварҳои «ноозод» қарор дода шудааст. Се кишвари дигари ОМ — Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ ба сабаби беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон ҳамчун давлатҳои «ноозод» дар баробари Куриёи Шимолӣ, Сурия, Судони Ҷанубӣ, Эритрея, Судон, Либия ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ ба гуруҳи «бадтарини бадтаринҳо» шомил гаштаанд.
Freedom House баъзе аз комёбиҳои Ӯзбекистонро, ки пештар дар гуруҳи «бадтарини бадтаринҳо» қарор дошт, зикр кардааст. Дар гузориш аз беҳбудиҳое ситоиш шудааст, ки бо сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар ин кишвар рух додаанд. Ҳамчунин қайд шудааст, ки мақомоти Ӯзбекистон озод кардани маҳбусони сиёсиро идома дода, маҳдудиятҳоро барои созмонҳои ғайридавлатӣ камтар карданд.
Ягона кишвари ОМ, ки дар гузориши Freedom House ба гуруҳи «қисман озод» шомил шудааст, Қирғизистон мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ