ФСБ боз як зодаи Осиёи Марказиро кушт
Рӯзи 19 июн дар ҷараёни як амалиёти амниятӣ дар шаҳри Коврови вилояти Владимири Русия як зодаи Осиёи Марказӣ кушта шуд. ФСБ мегӯяд, ин мард ба сохтани бомба айбдор мешуд ва ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон дод. Ду моҳ пеш дар Владимир ду шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи ФСБ кушта шуда буд.
ФСБ – Хадамоти федералии амниятии Русия – хабар дод, ки субҳи 19 июн дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Коврови вилояти Владимир «як зодаи Осиёи Марказӣ, ки ба ҷамъоварии маводи тарканда ва сохтани бомб машғул буд, аз байн бурда шуд.”
Шаҳри Ковров дар тақрибан 260-километрии шарқи Маскав ҷойгир шудааст. Дафтари матбуоти идораи вилоятии ФСБ дар иттилоияаш гуфт, дар амалиёти Ковров «касе аз аҳолии мулкӣ ва нирӯҳои интизомӣ осеб надидааст.”
Нирӯҳои амниятӣ субҳи 19 июн ин зодаи Осиёи Марказиро дар манзилаш иҳота кардаанд, вале вай, ба гуфтаи мақомоти ФСБ, аз пистолети Макаров тир кушода, муқовимат нишон додааст. ФСБ мегӯяд, ки ин мард дар натиҷаи оташи ҷавобӣ кушта шуд.
Ном, син ва мушаххасан аз кадом кишвари Осиёи Марказӣ будани нафари кушташуда дар ҷараёни амалиёти навбатии ФСБ дар вилояти Владимир эълон нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ