Фурӯши барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя зиёд шуд
Фурӯши барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя бештар шуд. Аз моҳи январ то сентябри соли 2023 Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 4,8% бештар даромад гирифтааст.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, соли 2022 ба маблағи 99,8 миллион доллар нерӯи барқ содир гардид. Дар ҳамин давраи соли 2023 бошад, ба Тоҷикистон беш аз 104,5 миллион доллар аз ин ҳисоб ворид шудааст.
Харидорони асосии барқи Тоҷикистон ҷумҳуриҳои Афғонистону Ӯзбекистон мебошанд.
Гуфта мешавад, ки содироти нерӯи барқ ба ширкати «Брешно» (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ гардида истодааст.
Ба Ӯзбекистон дар фасли серобӣ тибқи нақша ҳамасола содироти неруи барқ тариқи ду хатти 500 квт ва ду хатти барқии 220 квт ба роҳ монда мешавад.
Интиқоли барқи Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя дар ҳолест, ки ҳоло дар бештари манотиқи кишвар лимити барқ ҷорӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ