Фурқати Саид: Дарди ман дарди “Шашмақом” аст!

Фурқати Саид, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, яке аз сарояндагони саршиноси “Шашмақом”, мубаллиғи ин мероси гаронбаҳо ва директори Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳҳобов ҳафтаи равон 55-сола мешавад. Ба ин муносибат бо эшон суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури шумо мекунем.

То як тоҷик ҳаст, “Шашмақом” намемирад!

— Устод, имрӯзҳо машғули чӣ кор ҳастед?

— Давоми 2-3 соли охир китобе таълиф кардам, ки бо ду забон — русиву тоҷикӣ аст ва ном дорад “Ворисони Шашмақом”. Ин китоб сайри таърихии мақомсароӣ ва ёдоварӣ аз устодони номвар ва шахсиятҳое аст, ки барои рушди “Шашмақом” саҳм гузоштаанд. Феълан, китоб дар таҳрири доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Фароғат Азизӣ аст ва умед дорам, ки рӯзҳои наздик чоп мешавад. Ҳамчунин, китоби дигар таҳти унвони “Навои Андалеб” дар арафаи чоп аст ва он аз таронаҳои банда, ки рӯйи адвор оварда шудаанд, иборат мебошад. Дигар аз пайи эҷоди сурудҳои нав ҳастем.  

— Китоби шумо “Ворисони Шашмақом” ном дорад ва “Шашмақом” ҳам ба воситаи устодони бузург ба мо мерос мондааст. Оё имрӯз ин мероси нодир дар дасти ворисони арзанда аст?

— Гумон мекунам, ки дар замонҳои қадим низ устодони мо пайваста ин суолро ба худ медоданд: “Оё аз уҳдаи иҷрои мақом баромадам? Оё онро ба шунаванда расонида тавонистам?”. Ин суоли ҷовидонист. Имрӯз низ ҳунармандон кӯшиш мекунанд, вале қазоват аз мардум аст. Фақат ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки мо айни замон сарояндагони ҳирфаӣ дорем. “Шашмақом” низ мухлисони сершумор дорад. Худораҳматӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар суҳбате гуфта буд: “То як тоҷик дар рӯйи сайёра зинда аст, “Шашмақом” намемирад ва садо хоҳад дод!”.

— Вале, ба мушоҳидаи банда, таваҷҷуҳ ба “Шашмақом” ба ҳадди зарурӣ нест…

— “Шашмақом” замоне ки дар Бухоро пайдо шуд ва дар ҳавзаҳои мухталиф доман паҳн кард, дигар сабкҳои мусиқӣ рушд накарда буданд. Имрӯз жанрҳо хеле зиёд шудаанд ва табиист, ки шунаванда доранд. “Шашмақом” низ алоқмандони худро дорад. Дар ҳама давру замон мухлисони “Шашмақом” аҳли маънӣ буданд. Ҳар инсон вақте ба камол мерасад, ба ин навъи мусиқӣ рӯ меорад. Ин табиист. Дар мавриди камтаваҷҷуҳӣ мушоҳидаи шумо дуруст аст. Тарғиби “Шашмақом” бо ду пой мелангад ва касеро парвое нест.

Ифтихори дурӯғин

— Кӣ бояд “Шашмақом”-ро тарғиб кунад?

— Телевизиону радио, шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳар нафаре, ки дар назди миллат як зарра масъулият дорад, новобаста аз он ки мухлиси “Шашмақом” ҳаст ё не, бояд онро тарғиб кунад, зеро он мероси гаронбаҳои падару бобоёни мост.

— Ансамбли шумо дар тобеияти Кумитаи телевизион ва радио аст. Чӣ метавонад монеи тарғиб бошад?

— Он расонаҳо дар дасти мо нестанд. Вазифаи мо эҷод кардан аст, на ин ки телевизиону радиоро зораву тавалло кардан, ки моро сабту пахш кунанд. “Шашмақом” мусиқие нест, ки ман сар хам карда равам, ки маро сабт кун. “Шашмақом” мероси нодир аст ва телевизиону радио бояд худашон масъулият эҳсос кунанд. Барои мисол, рӯзи сешанбе як соат ТВ “Сафина”, чорашанбе “Телевизиони Тоҷикистон” ва панҷшанбе ТВ “Шаҳнавоз” яксоатӣ “Шашмақом” пахш кунанд. Радиоҳо низ. ТВ “Синамо” аз таърихи “Шашмақом” филм ба навор гирад. Айб аст, ки дар давоми ин қадар сол дар бораи “Шашмақом” як филм ҳам нест…

— Худи шумо як замон дар телевизион дар бораи “Шашмақом” барномаҳо омода мекардед. Чаро ин корро идома надодед?

— Бале. Бо мақсади тарғиби “Шашмақом” чанд барнома таҳия кардам, аз ҷумла “Нидои қарнҳо”, “Самои зуҳра” ва “Навоят дардҳо дорад” доир ба таърих ва устодони бузурги “Шашмақом”. Вале дигар имкон даст надод. Банда роҳбари ансамбли давлатӣ ҳастам ва ташвишҳои зиёди корӣ дорам. Худам ҳам бояд эҷод кунам. Таҳияи барнома кори ман нест. Чандин нафар дар соҳаи санъат унвони номзадиву докторӣ гирифтанд. Чаро бо телевизионҳо шартнома баставу як барнома таҳия намекунанд? Ҳама аз минбарҳо гӯё бо “Шашмақом” ифтихор мекунанд, ифтихори дурӯғин.  

Ҳунарманд бояд дар саҳна бимирад

— Шумо 16 сол аст, ки роҳбари Ансамбли давлатии “Шашмақом”-и ба номи Фазлиддин Шаҳҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастед. Феълан дар ансамбл чанд нафар фаъолият мекунанд?

— Беш аз 30 нафар.

— Чанд сол пеш устодони ҳунарро ба нафақа ҷавоб додед…

— Ҷавоб доданд, аз боло. Ман то ҳол мехоҳам онҳоро баргардонам.

— Умуман ҳунар синну сол дорад?

— Не. Барно Исҳоқова мегуфтанд, ки 25-30 сол “Шашмақом” машқ мекунед, баъдан маълум мешавад, ки ҳофиз мешавед ё не. Ман акнун “Гулъузорам” ва “Ушшоқи Самарқанд”-ро ба табъи дил мехонам. Бо гузашти сол ва андӯхтани таҷриба овоз сайқал меёбад, ҳунарманд ба умқи маънои шеър мерасад. Нав ҳунарманд пухта мерасад, ки “пир” гуфта, ҷавоб медиҳанд. Ҳол он ки, дар пирӣ вай нав ҳофиз мешавад, устод мешавад, бояд омӯзонад. Ҳунарманд синну сол надорад, ӯ бояд дар саҳна бимирад.

Мо имрӯз миллати фарҳангӣ нестем!

— Феълан, дар кишвар чандин ансамбл ва гуруҳҳои “Шашмақом” фаъолият мекунанд. Фаъолияти онҳоро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

— Ман ростӣ ба таври зарурӣ аз фаъолияти онҳо хабар надорам.

— Чаро? Магар дар Тоҷикистон чорабинӣ ё ҷашнворае нест, ки мақомсароёнро ба ҳам орад?  

— Мутаассифона не. Чанд сол қабл дар Конибодом ва баъдан дар шаҳри Турсунзода чунин ҷашнвора гузашт, вале он қадар муассир набуданд. Зеро ҳадафи ин чорабиниҳо дигар буд, на хизмат ба “Шашмақом”. Ман борҳо пешниҳод кардам, ки дар Душанбе Ҷашнвораи “Шашмақом” баргузор кунем, вале амалӣ нашуд. Бори дигар аз ин минбар низ мегӯям, дар Душанбе бояд Ҷашнвораи байналмилалии “Шашмақом” бо шукуҳу шаҳомат баргузор шавад. Зеро “Шашмақом” бузургтарин дороӣ ва арзишмандтарин мероси гузаштагони мост.

— Чаро пешниҳоди шумо дар мавриди Ҷашнвораи “Шашмақом” пазируфта нашуд?

— Фикр мекунам, нафароне, ки ман ин пешниҳодро кардам, “Шашмақом”-ро дӯст намедоранд. Дигар ин ки, онҳо дарди сари молӣ намехоҳанд. “Бисёр пешниҳоди нағзу худат пул ёб” мегӯянд. Яъне бепарвоӣ мекунанд. Зеро, касеро парвое нест. Ҳатто супориши сарвари давлатро иҷро намекунанд. Фармони Пешвои миллат таҳти рақами 294 аз соли 2000-ум оид ба рушду нумуи “Шашмақом” дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ба тасвиб расидааст. Вале ҳаминро ҳам ба назар намегиранд. Афсӯс, ки мо имрӯз миллати фарҳангӣ нестем! Бовар кунед, дилам пора мешавад. Гоҳо меандешам, ки магар “Шашмақом” фақат барои ман даркор аст? Бовар кунед, ман ягон камбудӣ надорам. Шукри худованд, хонаву мошин дорам, фарзандонам ҷо ба ҷо… Ягона дарди ман “Шашмақом” аст.

— Яҳудиёни Бухоро низ меросбарони “Шашмақом” ҳастанд ва то имрӯз барои рушди мақомсароӣ талош мекунанд. Бо мақомсароёни яҳудӣ робита доред?

— Соли 2016 ба истиқболи 100-солагии Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нериё Аминов аввал дар Душанбе ва баъдан дар Амрико ҳамоиш ва консерт баргузор шуд. Банда ба ин чорабинӣ, ки дар Квинси Ню Йорк гузашт, даъват шуда будам. Ҳам дар қисмати аввал, ки ҳамоиши илмӣ буд, суханронӣ кардам ва ҳам дар консерт ду суруд хондам. Дар он ҷо хеле хурсанд шудам, зеро конфронс ба забони тоҷикӣ баргузор шуд ва дар консерт барномаи “Шашмақом” пурра ба тоҷикӣ гузашт. Аз ҳама муҳим, яҳудиён бо вуҷуди дур шудан аз ҷуғрофиёи “Шашмақом” мактаби асили “Шашмақом”-ро нигоҳ доштаанд. Агар чизе ҳам ҳамроҳ кардаанд, зеботар кардаанд. Дар миёни онҳо шоироне пайдо шудаанд, ки имрӯз дар вазни “Шашмақом” бо забони тоҷикӣ шеър менависанд. Вале афсӯс мехӯрам, ки мо бо онҳо робита надорем. Агар Ҷаншвораи “Шашмақом” дар Душанбе мешуд, мо бо онҳо иртибот пайдо мекардем.

Пул надорам…

— Ҳафтаи равон 55-сола мешавед. Бо чӣ руҳия ин санаи умрро пешвоз мегиред?

— Шукри худованд, аз саломативу зиндагӣ ва корам шикоят надорам. Ман табиатан бисёр зудранҷ, ҳассос ва асабӣ ҳастам, барои беадолатӣ гиребон мегирам ва ҳарфи диламро, агар дағал ҳам бошад, рӯ ба рӯ мегӯям. Вале дар 55-солагӣ нисбатан ором шудам. Лекин руҳияам эҷодӣ аст ва фикр мекунам, ки чанд кори муҳимро бояд ба сомон расонам.

— Дар арафаи мавлудатон консерт баргузор мекунед?

— Не! Вақт ва пул надорам. Барои арзонтарин толор 12-15 ҳазор сомонӣ иҷорапулӣ додан лозим…

Мусоҳиб: Одил НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *