«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт ҷамъбаст шуд

Дар даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз чор ноҳияи пойтахт 411 нафар довталаб, аз ҷумла 230 нафар зан иштирок намудаанд.

Дар озмуни мазкур аз шумораи 411 нафар иштирокчӣ 220 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 101 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, аспиранту докторант ва 90 нафар омӯзгорон, кормандон, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун буданд.

Дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон 120 нафар иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳо бо ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 20 нафар сазовори ҷойи якум, 40 нафар — ҷойи дуюм ва 60 нафар — ҷойи сеюм гардида, ба ғолибони ҷойҳои якум 20000 сомонӣ, ҷойҳои дувум 15000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 10000 сомонӣ мукофотпулӣ ва диплом тақдим шуд. Ҳамзамон 33 нафар дигар довталабон бинобар холҳои баландро сазовор гардидан бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *