Фурӯдгоҳ аз Душанбе бардошта мешавад?
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, мехоҳанд Фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз дохили шаҳр бардошта шавад.
Аҳмадзода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, борҳост, ки нақшаи кӯч додани Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар нақшаи генералии пойтахт ворид ва аз он берун карда мешавад: “Барои кӯчонидани фурудгоҳ маблағи зиёд лозим аст. Аммо мо нияти кӯчонидани онро дорем”.
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ аз таҷрибаи шаҳри Маскав, пойтахти Русия мисол овард, ки сокинону меҳмононаш то фурудгоҳ бо таксӣ беш аз як соат ҳаракат мекунанд: “Мо низ метавонем ин таҷрибаро амалӣ кунем”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ