Фурӯши бензини навъи АИ-92 маҳдуд шудааст
Дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ норасоии пурфурӯштарин навъи бензин мушоҳида мешавад. Камбуди бензини навъи АИ-92-ро мақомоти ҷануби Қазоқистон тасдиқ мекунанд.
Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Чимкент ва ноҳияи Сайрам фурӯши бензини навъи АИ-92 маҳдуд шудааст. Ба гуфтаи корманди яке аз нуқтаҳои фурӯши бензин, чанд рӯзи охир бензини навъи АИ-92-ро бо ҳисоби литр меоранд. «400 литр бензин то соати 11-и рӯз фурӯхта мешавад. Баъди он бензинро бо талон мефурӯшем», — мегӯяд вай. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Sinooil бензини навъи АИ-92 мавҷуд аст, аммо навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида мешавад.
Кайипбек Камбаров, раиси эътилофи ҷамъиятии «Жанар-Жагармай» мегӯяд, талаботи моҳонаи минтақа ба бензини навъи АИ-92 наздики 30 ҳазор тон аст.
«Дар воқеъ, норасоӣ мушоҳида мешавад. Ибтидои моҳ 27 ҳазор тон ин навъи бензин ворид шуд. Ҳоло АИ-92 дар бузургтарин нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳаст. Дар нуқтаҳои фурӯши миёнаву хурд мавҷуд нест. Ин масъала то охири моҳ ҳал мешавад», — мегӯяд вай.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ