Фурӯши иҷбории ҳайвоноти хонагӣ
Бо наздик шудани мавсими сармо бештари сокинони вилояти Лебапи Туркманистон иҷборан ҳайвонҳои хонагиашонро мефурӯшанд. Имсол дар Туркманистон хушксолӣ ҳукмфармо буд ва ба ин далел сокинон натавонистанд, барои чорво ғизои кофӣ захира кунанд.
Як чӯпон аз ноҳияи Койтендаги вилояти Лебап гуфт, соли ҷорӣ говҳо назар ба солҳои гузашта лоғартар ҳастанд. Ба гуфтаи вай, бояд пеш аз зимистон чорво чарбу гирад. «Дар ғайри сурат, агар зимистон сард ояд, говҳои лоғар талаф мешаванд», — гуфт чӯпон.
Чорводоронро иҷборан фурӯхтани ягона манбаи даромади зиндагӣ нигарон кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон, сарфи назар аз он ки бисёриҳо чорвояшонро ба бозор баровардаанд, аммо дар бозор қимати чорво ҳамоно гарон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ