Фурӯши либоси миллии тоҷикӣ дар Кобул

Дар маркази шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон фурӯши либосҳои миллии тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Дӯкони фурӯши либосҳои миллии тоҷикиро Аёмиддин Мирҳиҷриён, як тоҷири афғонистонӣ ду моҳи пеш таъсис дод.

Харидорони аслии дӯкони Аёмиддин арӯсон ва заноне ҳастанд, ки дар ҷашни арусӣ ширкат мекунанд.

Аёмиддин Мирҳиҷириён, соҳиби дӯкони либосҳои миллии тоҷикӣ дар Кобул мегӯяд, бори дувум аст, ки аз Тоҷикистон либос ворид мекунад. “Ин либосҳо дар Тоҷикистон аз 300 то 1000 сомонӣ арзиш доранд. Ба хотире, ки тиҷоратро тоза ба роҳ монда будам, бо ҳамон нархи аслиашон ба фурӯш гузоштам,” — гуфт ӯ.

Маъмулан, дар Афғонистон занҳо дар хиёбонҳо “бурқа” ба бар мекунанд. Ин навъи либос чеҳраи онҳоро аз чашмҳо пинҳон мекунад. Аз ин рӯ, Аёмиддин мегӯяд, либосҳои тоҷикиро барои маросимҳои хоси занона мехаранд, вале дар кӯчаву хиёбон пушидани чунин навъи либос роиҷ нест.

Бархе сокинони Афғонистон мегӯянд, Кобул — пойтахти ин кишвар назар ба манотиқи дигари дурафтода барои қабули мӯди беруна бештар омода аст. Занон ҳарчанд зери бурқа ё дигар навъи либоси пӯшида мегарданд, аз либосҳои миллии рангобарангу шоди бонувони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҳинду Тоҷикистон хушашон меояд. Ин либосҳо то андозае ба меъёрҳои фарҳангии занони афғон мувофиқ ҳастанд, вале аз назари тозагиву ранг тафовут доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *