Фурудгоҳи Душанбе аз сармо намеҳаросад

 Тамоми хадамоти рўизаминии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба фасли зимистон омода буда, дар ин рӯзҳои пурбарфу сард аз рӯи реҷаи маъмулӣ кор карда истодаанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»  хабар додаанд.
Боришоти барфи нахустин ба кори техникаи рӯизаминӣ таъсир нагузошта, гусел ва пешвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳ бидуни монеа сурат гирифта истодааст.
«Хадамоту шуъбаҳои фурудгоҳ нақшаҳои инфиродии чорабиниҳои худро бобати омодагӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 омода сохтаанд ва имрӯз низ раванди татбиқи онҳо давом дорад. Бо ҳайати шахсии хадамоту шуъбаҳои ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 машваратҳои дастурдиҳӣ-методӣ гузаронида шуда, техникаи махсуси аэродромӣ (автотранспортёр, ядакҳои майда, автобусҳои перронӣ, автозина, грейдер, мошини худрави боркунанда, ёрии таъҷилии тиббии Сикар-3868, амбулифт, мошинҳои муосири сўхторнишонӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймо, автотрапҳо, боркашҳои тасмавӣ, мошинҳои бағоҷкаш, фарштозакунаки Н715-665, электрокарҳо, электротрапҳо, экскаватор, автозинаи махсус барои хизматрасонӣ ба рейсҳои таҳти назорат қарордошта дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Инчунин тайёрии воситаҳои муоина ва мушоҳидаи видеоӣ — рапискан, сканер, асбобҳои дастии металҷӯӣ, камераҳо, толорҳои VIP,CIP ва интизорӣ низ омода ва тайёранд.
Сарфи назар аз сардиҳои пешомада, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ пайваста мекӯшад ва дар низоми ҷавҳонии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *