Фурудгоҳи «Отатурк» фаъолияташро қатъ мекунад

Фурудгоҳи «Отатурк»-и шаҳри Истамбули Туркия аз 31 октябри соли равон қабули мусофиронро қатъ мекунад. Худи ҳамон рӯз фурудгоҳи нав ба кор медарояд.

Масоҳати фурудгоҳи нав 76,5 миллион ва саҳни терминал ҳудуди 1,6 миллион метри мураббаъ аст. Мақомоти Туркия ҳоло номи онро эълом накарданд.

Фурудгоҳи «Отатурк» аз 31 октябр танҳо ҳавопаймоҳои хидматӣ, хусусӣ ва боркашро қабул мекунад. Дар оняда фаъолияташ пурра қатъ хоҳад шуд.

Тасмими бунёди фурудгоҳи нав ва қатъи фаъолияти «Отатурк» барои он гирифта шуд, ки дигар имкони тавсиа бахшидани он вуҷуд надошт. Соли 2017 «Отатурк» ба беш аз 32 миллион мусофир хидмат расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *