Футбол: 19-солаҳои Тоҷикистон садди ҷопониро нагузаштанд

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бегоҳии 24 октябр дар вохӯрии чорякниҳоӣ барои роҳхат ба чемпионати ҷаҳон -2017 аз дастаи ҷавонони Ҷопон бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст хӯрд ва аз ширкат дар марҳилаи нимниҳоии он бенасиб гашт.
Вохӯрӣ барои футболбозони ҷавони тоҷик имтиҳони ҷиддӣ маҳсуб меёфт, зеро мунтахаби ҷавонони Ҷопон дар чунин мусобиқаҳо таҷрибаи бештар дорад ва аз довталабони асосӣ барои Ҷоми ҷаҳони ҷавонон -2017 ва чемпионати Осиё ба шумор меравад. Қисми аввали вохӯрӣ бо бартарии пурраи футболбозони Ҷопон сурат гирифта, дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон ду маротиба маҷбур шуд тӯбро аз дохили дарвоза барорад. Дар қисми дуюм шогирдони сармураббӣ Виталий Левченко андак ба худ омада, беҳтар бозӣ мекардагӣ шуданд. Вале ба задани зарбаҳои ҳадафрас ноил нагаштанд. Ҳуҷумҳои онҳоро хати муҳофизати ҳарифон бартараф карда, тез ба ҳуҷуми ҷавобӣ мегузаштанд. Ҳамин тавр, дар қисми дуюми бозӣ низ ҷопониҳо боз ду тӯби дигарро вориди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон карда, ба марҳилаи навбатӣ гузаштанд.
Дар ҷамъбаст сатҳи бозии ҳайати ҷавонони Тоҷикистонро қаноатбахш гуфтан мумкин аст, ба он хотир ки дар бозиҳои гурӯҳӣ тавонист 1 бозиро аз мунтахаби Чин барад (2:0), 1 бозиро бо мунтахаби пурзӯри Австралия мусовӣ намояд (0: 0) ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёбад, ки дар таърихи футболи кишвар падидаи нодир аст. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро чунин натиҷаҳо дар миёни 8 дастаи беҳтарини чемпионати Осиё ворид намуд.
Қабл аз ин мунтахаби 19- солаҳои Тоҷикистон дар чемпионатҳои Осиёи соли 2006 (Ҳиндустон) ва соли 2008 (Арабистони Саудӣ) аз марҳилаи гурӯҳӣ баромада натавониста

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *